Ҳаводиси олам

Мушкилоти барфу борон дар Эрон. Миллиардҳо тумон зарар ба рустоҳои ин кишвар

Бино ба гузоришҳо бориши борону барф, ки баъд аз моҳҳои хушксолӣ аз чанд рӯзи пеш дар бисёре аз вилоятҳои Эрон шуруъ шуда ва дар баъзе минтақаҳо ҳамоно идома дорад, мушкилоти бисёреро ба вуҷуд овардааст. Бисёре аз минтақаҳои рустоӣ дар баъзе вилоятҳои ин кишвар бо селоб рӯбарӯ шудаанд, теъдоди зиёде аз роҳҳо баста шуда ва бархе аз роҳҳои иртиботӣ ҳам масдуд шудааст ва ба ҳадде,

Заминларза дар Бодғиси Афғонистон сабаби марги 22 нафар шудааст

Хабаргузории давлатии Бохтари Афғонистон аз ҳалокати 22 ва захмӣ шудани 4 нафар дар заминларзаи ахир дар Бодғис хабар дод. Ин хабаргузори рӯзи душанбе гузориш дод, ки шумори қурбониёни зилзила, ки қаблан 12 нафар гуфта мешуд, ҳоло ба 22 нафар расидааст.

Бино ба хабари бахши форсии ВВС давлати Толибон ва

Ҳалокати 19 нафар дар сӯхторе дар як бинои баландошёнаи Ню-Йорк

Дар як сӯхтори бинои бисёрошёна дар шаҳри Ню-Йорки ИМА ҳаддиақал 19 нафар ҷони худро аз даст доданд, ки нуҳ нафари онҳо кӯдаконанд. Мақомот инро яке аз бузургтарин оташсӯзии як даҳсолаи охир намидаанд. Ин ҳодиса 32 маҷрӯҳ низ ба ҷо гузаштааст, ки ҳамаи онҳо ба бемористони наздиктарин интиқол дода шудаанд.

Воситаҳои ахбор хабар доданд, ки ин сӯхтор рӯзи якшабе

Торнадо дар ИМА: 88 нафар ба ҳалокат расиданд ва беш аз 100 нафар бенишон ғайб заданд (ВИДЕО)

Бар асари торнадои вайронгар дар шаш иёлоти ИМА ҳаддиақал 88 нафар ҷон бохтанд, ки 77 нафари  онҳо сокинони иёлоти Кентукки буданд.

Бино ба гузориши губернатори Кентукки Энди Бешир танҳо дар ҳамин иёлот беш аз 100 нафар бенишон ғайб задаанд. Вай гуфт, ки барои дақиқ кардани шумори ҳалокшудагону захмиён чанд ҳафта лозим аст.

Ҳалокати фармондеҳи кулли артиши Ҳинд дар суқути як чархбол

Дар суқути чархболи Ми-17В5 дар иёлоти Тамилнати Ҳинд Фармондеҳи кулли артиши ин кишвар, генерал Ровот Бпин, ҳамсари ӯ ва 11 нафари дигар ба ҳалокат расиданд.  Аз чеҳраҳои саршиноси ин чархбол танҳо як нафар бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шудааст.

Генерал Ровот Бпин  63 сол дошта аввалин фармондеҳи...

Страницы