Бино ба гузоришҳо бориши борону барф, ки баъд аз моҳҳои хушксолӣ аз чанд рӯзи пеш дар бисёре аз вилоятҳои Эрон шуруъ шуда ва дар баъзе минтақаҳо ҳамоно идома дорад, мушкилоти бисёреро ба вуҷуд овардааст. Бисёре аз минтақаҳои рустоӣ дар баъзе вилоятҳои ин кишвар бо селоб рӯбарӯ шудаанд, теъдоди зиёде аз роҳҳо баста шуда ва бархе аз роҳҳои иртиботӣ ҳам масдуд шудааст ва ба ҳадде, ки кумакрасониро ҳам мушкил кардааст.
Бино ба баъзе гузоришҳои расида дар қисмате аз вилоятҳо одамон ҷони худро ҳам аз даст додаанд, вале то ба ин лаҳзаҳо омори дақиқи талафот аз ин офати табиӣ расонаӣ нашудааст.
Гуфта мешавад, ки дар Кирмон обу барқ дар баъзе минтақаҳои вилоят қатъ шудааст ва бо идомаи боришҳои шадид роҳбари Кирмон дастури тахлияи рустоҳои канори рӯдхонаҳоро содир кардааст. Афзоиши борандагӣ дар рӯдбори ҷануби Кирмон сабабгори омадани сел ва вайрониҳо низ шудааст.
Бар асоси ҳамин гузоришҳо об дар 30 деҳаи ин вилоят қатъ шуда ва мақомҳои Кирмон гуфтаанд, ки нерӯҳои имдодӣ дар ҳоли талош ба ҳар тариқи мумкин барои кумакрасонӣ ба аҳолии ин минтақа ҳастанд.
Вилояти Ҳурмузгон дар ин кишвар низ аз ин офат осеб дидааст. Сарвари ин вилоят гуфтааст, ки мавҷи сеюми боришҳои шадид дар минтақа пешбинӣ шудааст ва аз ин рӯ омодагиҳои бештар барои муқовимат бо борандагиҳои шадид гирифта шудааст.
Вилоятҳои ҷанубӣ ва шарқии Эрон, ки аз замони шурӯъи боришҳо дар ҳафтаи гузашта шоҳиди вуқӯъи сел буданд, хисороти бисёре дидаанд ва мақомҳои давлатӣ низ гуфтаанд, ки ин селҳо ба миқдори чаҳор ҳазор миллиард тумон зарар расондаанд.
Бориши ахири барфу борон дар Эрон дар ҳоле рух додааст, ки ин кишвар зарфи як соли гузашта бо яке аз хушктарин солҳои худ рӯбарӯ будааст. Мақомот қаблан гуфта буданд, ки соли 2021 хушктарин соли Эрон дар ним асри гузашта будааст.
МАНБАЪ: ВВС форсӣ.