Activities calendar

28 январи 2022

Туман чист ва дар вазъи туманӣ чӣ бояд кард? Тавсияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии  кишвар  аз 30 январ то 1-уми феврали соли ҷорӣ  дар баъзе ноҳияҳои кишвар, бахусус дар минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ ҳолати яхбандӣ ҳифз шуда, тум н ҳам дар назар дошта шудааст.

ТУМАН ЧИСТ?

Тарсу воҳимаҳо дар парвоз. Онҳо то куҷо барои шумо хатар доранд?

Инсонҳое ҳастанд, ки пеш аз парвоз ва ё вақти парвоз ҳатман ба воҳима дода мешавад. Инҳо бештар касоне мебошанд, ки дар бораи суқути ҳавопаймоҳо хеле зиёд мутолиа кардаву медонанд, ки дар ин ҳодисаҳо одамон ҷони худро аз даст медиҳанд. Ҳар мусофире, ки савори ҳавопаймо мешавад, бояд аввалтар аз ҳама худро ба даст гирад ва бар ин воҳимаву ҳамҳамаҳо дода нашавад.

Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе. Санҷиши манотиқи осебпазир дар остонаи баҳор

Ҳамасола пеш аз мавсими бориши боронҳои шадиди баҳорӣ минтақаҳои осебпазир дар қаламрави ноҳияҳои шаҳри Душанбе санҷида мешаванд ва барои рафъи камбудиҳо тадбирҳо андешида мешаванд. Дар моҳи январи солӣ ҷори якҷо бо намояндагони шуъба ва бахшҳои ноҳиявӣ ва Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумита, (тибки баҳои визуалӣ) минтақаҳои зерин тафтиш шудаву ҳолаташон санҷида шуд: