Activities calendar

07 январи 2022

Дар хомӯш кардани сӯхтори “Яккасарой” имдодгарони КҲФ саҳм доштанд

Алангаи оташ субҳи имрӯз шабакаҳои иҷтимоиро такон дод. Дар шаҳри Душанбе яке аз беҳтарин тарабхонаҳо оташ гирифт. Забонаи одаш ба ҳадде баланд буд, ки аз дуриҳои дур дида мешуд. Дуди ғализ фазои атрофро тира карда буд. Дар чанд дақиқа расму наворҳои зиёде дар шабакаҳо ба гардиш даромаданд. Ва дар ҳошияи ин оташсӯзии азим шарҳҳо низ фузун шуданд. Иллати аслии сӯхтор то ҳоло эълон нашудааст.

Чор куштаву ду маҷрӯҳи як садамаи маргбор дар Деваштич. Се нафар ҳалокшудагон узви як хонадон буданд

Бар асари як садамаи маргбор дар даромадгоҳи ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд се нафар ба ҳалокат расиданд ва ду тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Мошинҳо ба ҳам бархӯрданд. Сабаби ин садама пурра таҳқиқ нашудааст, вале ба гумони ғолиб риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ буд, ки сабабгори ба ҳам задани ду мошин шудааст.
Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи

КҲФ: Роҳи Рӯшон – Бартанг муваққатан баста аст. Эҳтиёт кунед!

Барфу борони шадиде, ки пеш аз ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинонро огоҳ карда буд, сабабгори лағзиши тарма дар роҳи Рушон-Бартанг шуд ва ин ҳаракати нақлиётро ба мушкил рӯбарӯ сохт.

Чунончӣ, 6 январи соли 2022 дар километри 92 роҳи мошингарди Рушон-Бартанг, ки аз қаламрави деҳаи

ШАРҲИ ИСТИЛОҲ. Тайфун

Тайфун.  Дар луғатҳо ин истилоҳ тӯфон тарҷума шудаанд. Дар баъзе луғатҳои илмии форсӣ чарханд омадааст ва дар шаҳри он навиштаанд: сомонаи камфишоре, ки дар нимкураи шимолӣ дорои ҳаракати подсоъатгард ва дар нимкураи ҷанубӣ дорои ҳаракати соъатгард аст (Вожаҳои мусавваби Фарҳангистон).

Дар луғатҳои тоҷикӣ ҳар ҷо тӯфон омадааст.

Роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар ноҳияи Балҷувон

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар ноҳияи Балҷувони вилоят ҳамроҳ бо намояндагони ҳокимияти иҷроияи  ноҳия ба ҷамоати Балҷувон рафтанд, ки як нуқтаи осебпазир ба офатҳои табии эҳтимолӣ ба ҳисоб меравад.

Онҳо миёни сокинон дар мавзӯъи эҳтиёт дар офатҳо...