Activities calendar

03 январи 2022

Тарма дар қаламрави Ишкошим муддате роҳи мошингардро баст

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ноҳияи Ишкошими ВМКБ лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд, ки бар асари он муваққатан дар километри 51-53 роҳи мошингарди Хоруғ – Ишкошим ҳаракати нақлиёт боздошта шуд. Ин тарма дар қаламрави деҳаи Дижори ҷамоати деҳоти Қозидии ноҳияи Ишкошин сарозер шуд.

Барои бартараф намудани паёмадҳои он аз ҷониби...

Чор сокини деҳаи Ғазани Поёни Панҷекат аз таъсири гази карбон ҳалок шуданд. КҲФ ҳушдор медиҳад!

2 январи соли 2022 чор нафар сокинони деҳаи Ғезани Поёни ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷекати вилояти Суғд, ки ду нафари онҳо бародарон буданд, ҳангоми ангишткании ғайриқонунӣ дар кони ангишти наздикии мавзеъи Ишакон бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз гази карбон заҳролуд шудаву дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Вақте шабона онҳо ба хона барнагаштанд, пайвандонашон...

Се амалиёти наҷот то ва баъди Соли нав

Рӯзи охири соли гузашта дастаҳои наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражадании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба аз қароргоҳи худ барои наҷоти одамон дар лифтҳои харобшуда берун шуданд ва ин ду бор ҳам ду бонуи дар дохили лифтҳо бандмондаро солим берун оварданд.

Даъвати аввал аз ҷониби як сокини кӯчаи Зарафшон-1, бинои М-11...