Чор сокини деҳаи Ғазани Поёни Панҷекат аз таъсири гази карбон ҳалок шуданд. КҲФ ҳушдор медиҳад!

2 январи соли 2022 чор нафар сокинони деҳаи Ғезани Поёни ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷекати вилояти Суғд, ки ду нафари онҳо бародарон буданд, ҳангоми ангишткании ғайриқонунӣ дар кони ангишти наздикии мавзеъи Ишакон бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз гази карбон заҳролуд шудаву дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Вақте шабона онҳо ба хона барнагаштанд, пайвандонашон ба ташвиш омаданд ва ҳамаро ба по хезонданд. Соати 20:30 дақиқа ба ҷойи ҳодиса расида, бо истифода аз респираторҳо онҳо вориди кон шуданд ва ҷасади ҳалокшудагонро берун оварданд. 

Барои таҳлилу ташхиси сабаби ин ҳодиса гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ ташкил шудаву корҳо идома доранд. 

Ҳалокшудагон 33, 38, 51, 54 сол доштанд ва соҳиби оилаву фарзандон буданд.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои  фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ бо эҳтиром хоҳиш мекунад аз худсарона ва бе риояи қоидаҳои бехатарӣ кандани ангишт дар конҳо ва манбаъҳои ангишт худдорӣ намоянд!

Танҳо кӯҳканҳои ботаҷриба ва кормандони конҳо метавонанд бо доштани сару либоси махсус ва воситаҳои техникӣ, ҳамчунин риояи ҷидди кулли қоидаҳои бехатарӣ саргарми ин кор шаванд. 

 

 ВА БОЗ ДАР ИН БОРА:

барчасп: