Газҳои вулканӣ, газҳое, ки дар вақти оташфишонии вулкан ва баъди он аз танўра ва таркишҳои воқеъ дар нишебиҳои вулкан, аз селоби гудозаҳо ва ҷинсҳои прокластикӣ (тарканда) хориҷ мешаванд.
Газҳои вулканӣ дар вақти оташфишонӣ аз танўраи вулкан хориҷшавандаро газҳои эруптивӣ ва газҳои боқимондаро, ки аз қитъаҳои ҷудогонаи танўра ва сатҳи селобаи гудозаҳо баъди хамўш гаштани оташфишонӣ хориҷ мешаванд, газҳои фумаролӣ меноманд. Газҳои эруптивӣ хусусияти оташфишонии таркишро муайян мекунанд ва ба ҷоришавии гудоза таъсир мерасонанд. Газҳои вулканӣ, асосан, аз буғ (50–85%), беш аз 10% гази карбон, 5% гази сулфид, 2 -5 % хлорид, 0, 02–0, 05% фторид, инчунин ба миқдори кам ҳидроген, сулфид, метан иборат аст. Гази фумаролӣ омехтаи газҳоест, ки аз гудозаҳо ё ҷинсҳои пирокластӣ хориҷ мешаванд. Газҳои вулканӣ аз минтақаи обҳои зеризаминӣ гузашта, чашмаҳои оби гарми сершумор ба вуҷуд меоваранд.
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2015. – Ҷ.4. – С. 136.