Наҷоти як зани 33-сола, ки қасди худкушӣ дошт. Ширкат дар рафъи паёмадҳои як садамаи мошин
Чоп шуд: 31/01/2022 | adminНаҷотдиҳандагон Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии зани ҷавонеро, ки мехост худкушӣ кунад, наҷот доданд. Ин ҳодиса 30-уми январи соли 2022 соати 15:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар соҳили дарёи Сир, дар шаҳри Хуҷанд рух дод. Як зани 33-сола, ки сокини шаҳри Хуҷанд буд, худро ба дарё сарозер кард, то ба ҳаёти хеш поён диҳад.