Наҷоти як зани 33-сола, ки қасди худкушӣ дошт. Ширкат дар рафъи паёмадҳои як садамаи мошин

Наҷотдиҳандагон Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии  зани ҷавонеро, ки мехост худкушӣ кунад, наҷот доданд. Ин ҳодиса 30-уми январи соли 2022 соати 15:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар соҳили дарёи Сир, дар шаҳри Хуҷанд рух дод. Як зани 33-сола, ки сокини шаҳри Хуҷанд буд, худро ба дарё сарозер кард, то ба ҳаёти хеш поён диҳад.

Дар бораи кӯшиши худкушии зани ҷавон шоҳидон ба Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд хабар доданд. 

Имдодгарон сари вақт ба ҷойи ҳодиса расиданд ва ӯро аз об ба соҳил бароварданд, кумакҳои аввалияи тиббиро расонданд. Вале баъдан вай аз бистарӣ шудан дар беморхона худдорӣ кард. 

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои талоши худкушии ин сокини Хуҷандро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додаанд. 

Худи ҳамон рӯз воҳиди наҷоти КҲФ дар ноҳияҳои минтақаи Зарафшон дар бартараф намудани паёмадҳои як садамаи мошин дар роҳи Айнӣ-Панҷекат ширкат карданд. Он рӯз дар километри 78 роҳи номбурда машини тамғаи «Mercedes-Benz», ки ба сокини 38-солаи шаҳри Панҷекат мутааллиқ буд, ба ҷарии умқаш 300 метр сарозер шуд.

Сабаби ин фоҷеа дақиқ маълум нест, вале эҳтимолан ронанда натавонист аз уҳдаи идораи он барояд. Дар мошин ҳангоми садама ронанда танҳо буд ва мутаассифона дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. 

То расидани наҷотдиҳандагон шоҳидони ҳодиса ба ҷарӣ поин шуданд ва ҷасади ронандаро аз дохили мошин берун оварданд. Имдодгарон бо таҷҳизоти махсус ҷасадро аз ҷарӣ боло бароварданд ва ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд. 

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ронандагон бо эҳтиромона хоҳиш мекунад вақти ҳаракат дар роҳҳо суръатро боло набаранд.

барчасп: