ФАВРӢ: Роҳи Душанбе – Хуҷанд барои мошинҳои сабукрав аз ду ҷониб боз шуд
Чоп шуд: 04/01/2022 | redaktorШиркати “IRS” чанд лаҳза пеш аз боз шудани роҳи мошингарди Душанбе –Хуҷанд хабар дод. Бино ба гузориши интишоршуда дар саҳшифаи ин ширкат дар Фейсбук соате пештар роҳ барои мошинҳои сабукрав аз Хуҷанд ба самти Душанбе боз шуда буд. Ин лаҳза хабар дод, ки “Ҳаракати нақлиёти сабукрав аз самти Душанбе ба тарафи Хуҷанд низ оғоз шуд. Ҳоло роҳ аз ҳарду самт барои нақлиёти сабукрав кушода аст...