Ширкати “IRS” чанд лаҳза пеш аз боз шудани роҳи мошингарди Душанбе –Хуҷанд хабар дод. Бино ба гузориши интишоршуда дар саҳшифаи ин ширкат дар Фейсбук соате пештар роҳ барои мошинҳои сабукрав аз Хуҷанд ба самти Душанбе боз шуда буд. Ин лаҳза хабар дод, ки “Ҳаракати нақлиёти сабукрав аз самти Душанбе ба тарафи Хуҷанд низ оғоз шуд. Ҳоло роҳ аз ҳарду самт барои нақлиёти сабукрав кушода аст...
Маврид ба ёдоварист, ки 3 январи соли 2022 дар километрҳои 61, 62, 63, 65, 66, 69 ва 70 роҳи Душанбе-Варзоб, ки аз тариқи қаламрави Майхӯра, Ҳушёрӣ ва Уштури ноҳияи Варзоб мегузарад, лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд.
Ҳамчунин дар километрҳои 6, 7, 8 мавзеъи Ниводак ва 15 километраи мавзеъи ҷамоати Ғарибшоҳ Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон ва километри 498 мавзеъи Санободи ҷамоати деҳоти М.Абдулвосиеви ноҳияи Рӯшони ВМКБ субҳи имрӯз, 4-уми январ лағзиши тарма сабт шуд. Ҳодисаҳои тармарезӣ сабаб гардид, ки роҳи Хоруғ-Ишкошим муваққатан баста шавад.
Дар айни замон корҳо барои бартараф намудани паёмадҳои лағзиши тарма дар кулли роҳҳо идома доранд. Барои тоза кардани роҳҳо техникаи махсуси Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, хадамоти роҳи ширкати “IRS” ва наҷотдиҳандагони КҲФ, ки дар навбатдории шабонарӯзӣ қарор доранд, ҷалб шудаанд.
Зарфи шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ки ҳоло дар низоми шадиди фаъолият кор мекунанд, ҳамроҳ бо кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва хадамоти роҳи ширкати “IRS” ронандагон ва мусофирони 26 мошинеро, ки дар роҳи мошингарди Душанбе-Варзоб дармонда буданд, ба макони амн интиқол доданд. Ба асари лағзиши тарма дар минтақаҳои гуногуни кишвар ҳеч талафоти ҷониву хисорати дигар ба қайд гирифта нашудааст.
Бо мақсади таъмини бехатарии ронандагон дар роҳҳо дар ин зимистони сард ва расонидани ёрии таъҷилӣ дар ҳолатҳои фавқулодда қитъаҳои гуногуни роҳҳо аз ҷониби наҷотдиҳандагони воҳидҳои зудамали Кумита мунтазам зери назорат гирифта шуда, кормандон шабонарӯзӣ навбатдорӣ мекунанд. Ин тадбирхо дар давраи хавфи руй додани фалокат дар роххо, ки аз хунукй ва боридани барф ба амал омадаанд, заруранд.