Дар як ниҷазираи дурафтодаи Сибир ҳуфраҳои (замини кофташуда, чуқурӣ) бузург дар Шимолгон (Арктика) бар заминҳои яхзада зоҳир мешаванд. Нигаронии дониш мандон он аст, ки ин нишонаи инфиҷори чизе дар зери сатҳи Замин бошад. Ин падидаи ногаҳонӣ ва тарканда манзараи заминҳои минтақаро ба шакли ноҳамворе аломатгузорӣ кардааст. Дар атрофи канораи ин ҳуфраҳои азим, ки шабеҳи даҳанаи оташфишон ҳастанд, замин пора шуда ва тӯдае хокистарӣ аз яху кулӯх ба берун пошидааст. Решаи гиёҳоне, ки дар атрофи даҳана намоён шудаанд, осору нишонаҳои сӯхтагӣ доранд.
Аз боло хоки тоза зоҳир шуда, дар муқобили тундраи сабз ва дарёчаҳои тираи атроф ба ин гӯшаи дурафтода дар нимҷазираи Ямал дар қисмати шимолу ғарбби Сибир омада, то нигоҳе ба ин ҳуфраҳо бияндозад.
Аввалин сӯрохиро, ки 20 метр қутр ва 52 метр умқ дорад, халабонҳои чархболҳое, ки аз болои минтақа мегузаштанд, дар фосилаи 42 километрии майдони газии Бованенков дар нимҷазираи Ямал кашф карданд. Донишмандоне, ки ҳуфраи аввалияро баррасӣ карданд, онро як падидаи комилан тоза дар хоки яхбастаи минтақаҳои қутбӣ тавсиф карданд. Таҳлили тасвирҳои моҳвораӣ нишон медиҳад, ки аввалин ҳуфра байни 9-уми октябр то 1-уми ноябри соли 2013 шакл гирифтааст.
Тозатарин ҳуфраро як гурӯҳи филмбардоре дар моҳи августи соли 2019 кашф карданд, ки ба ҳамроҳи як гурӯҳ донишмандони Академияи илмҳои Русия ва мақомоти маҳалли Ямал ба сафари таҳқиқотӣ ба минтақа рафта буданд. Ба ин тартиб теъдоди ҳуфраҳои асроромезе, ки дар нимҷазираи Ямал ва нимҷазираи Гайдон дар ҳамсоягии он кашф шуда ба 17 адад расидааст.
Аммо ин суол, ки дақиқан чӣ чизе ин ҳуфраҳои азимро дар хоки яхбаста эҷод мекунанд ва чӣ тавр ин қадар ногаҳонӣ зоҳир мешаванд, ҳанӯз муаммо аст. Ҳамчунин суолҳои бепосухе дар бораи таъсири ин ҳуфраҳо бар ояндаи иқлимии Шимолгон ва мардуме, ки дар ин минтақа зиндагонӣ ва кор мекунанд, вуҷуд дорад.
Барои онҳое, ки Шимолгонро таҳқиқ мекунанд, нишонаҳои даҳшатноке аз тағйироти бунёдӣ дар ин минтақаи сард ва камҷамъият дар шимоли Сайёраи мост.
Маълум аст, ки сӯрохиҳо ба дунболи нишасти тадриҷии замин бар асари об шудан ва ҷобаҷоии хоки яхбаста ба вуҷуд намеоянд. Онҳо бо таркиш ба вуҷуд омадаанд.
Човилин мегӯяд: “Вақте инфиҷор рух медиҳад, тикаҳои хоку ях ба садҳо метр дуртар аз маркази таркиш партов мешаванд. Ин ҷо бо як нерӯе азими пайдошуда аз фишори боло рӯ ба рӯ ҳастем. Ин ки чаро фишор ин қадар зиёд аст, ин ҳам як роз аст”.
Бархе донишмандони ин ҳуфраҳоро бо яхфишонҳое муқоиса кардаанд, ки гумон меравад дар баъзе нуқоти дури манзумаи хуршедии мо вуҷуд дорад. Оташфишонҳое, ки ба ҷойи гудоза ях ба берун партоб мекунанд ва рӯи Плутон, яке аз қамарҳои Зуҳал ба исми Титан ва сайёраки Сарс (Сарера-Ceres) дида шудаанд. Аммо баъди таҳқиқотҳои аввалия ҳуфраҳои Шимолгон бо номи “сӯрохиҳои ихроҷи газ” шинохта шудаанд, ки нишон медиҳад чӣ тасвире дар бораи шаклгирии онҳо вуҷуд дорад.
Нигарониҳои фазояндае вуҷуд дорад, ки зуҳури ин ҳуфраҳо дар шимолу ғарби Сибир мумкин аст бо тағйироти густардатари пайдошуда аз тағйироти иқлимӣ дар Шимолгон иртибот дошта бошад. Дамои ҳавои сатҳӣ дар Шимолгон аз ҳисоби миёнаи ҷаҳонӣ ду баробар баланд мешавд, ки миқдори об шудани хоки яхкарда дар моҳҳои тобистонро бештар мекунад. Ин чеҳраи заминҳои Шимолгонро тағйир медиҳад ва сабаби ярч мешавад, ки онро “фурӯнишасти замин”( land subsidence) меноманд. Эҳтимолан Сибир бузургтарин фурӯнишасти заминро дар кураи Замин дорад.
Даруни хоки яхзадаи Шимолгон миқдори зиёди карбони ҳабсшуда вуҷуд дорад, ки тақрибан ду баробар бештар аз миқдори феълии карбон дар атмосфераи Замин аст. Бештари он ба шкли боқимондаҳои яхзади гиёҳон ва дигар мавод бо метан дар кристалҳои яхкарда ҷойгиранд. Метани ифлосшуда аз хоки яхкарда, ҳамчун гази гулхонаӣ метавонад гармшавии глобалиро суръат бахшад, ки дар навбати худ боиси об шудани хоки яхзада мегардад.
Дар ҳоле ки асрори сӯрохиҳои таркандаи Ямал ҳанӯз пурра маълум нест ва ошкор нашудааст, аммо он чизе, ки то ба ҳол ошкор шудааст, шаҳодат медиҳад, ки мо бояд онҳоро дар оянда бодиққат зери назар дошта бошем.
МАНБАЪ: ВВС
Таҳияи Б.Шафеъ
ХОНДАНИҲОИ ДИГАР:
-
Дар замони динозаврҳо бешаҳои тропикӣ набуданд
-
Тарма чист? Чӣ бояд кард аз хатари он эмин монем?
-
Садамаи киштиҳо дар моҳи апрел
-
Садамаи мошинҳо. Чаро мошинҳо ба ҳам бармехӯранд? Оморҳои такондиҳанда аз ҷаҳон ва Тоҷикистон
-
ДОНИШ. Ҳавзи пурхатартарини олам. Обшори Виктория
-
Ёди қурбониёни зилзила, сунамӣ ва фоҷеаи ҳастаӣ дар Ҷопон. Ин фоҷеа 10 сол пеш рух дода буд
-
Дар бораи хоб чӣ медонед?
-
ПАЖӮҲИШ: Моҳиҳои оби ширини ҷаҳон ба фалокати фоҷеаборе рӯ ба рӯ ҳастанд
-
ДОНИШ:Тӯфони геомагнитӣ ё хуршедӣ чист?