Садама дар роҳи Душанбе-Чаноқ. Панҷ нафар ҷавонони аз 18 то 22-сола маҷруҳ шуданд
Чоп шуд: 24/04/2021 | redaktor![](https://khf.tj/sites/default/files//styles/232_155/public/field/image/200224400196_370644.jpg?itok=ILhGv1bP)
Субҳи рӯзи 23-уми апрели соли равон, дақиқан соати 08:30 дақиқа дар километри 100-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, дар мавзеъи деҳаи Работи ҷамоати шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Автомашинаи тамғаи “Таёта-Кемри”, ки аз ҷониби як сокини 20-солаи шаҳри Душанбе идора мешуд, ба ҷарии умқаш 15-20 метр дар соҳили Фондарё сарозер шуд.