Activities calendar

17 апрели 2021

COVID-19: Марги 1300 кӯдак дар Бразилия аз коронавирус. Олмон бори дигар ба карантин меравад

Шумори мубталоён ба коронавирус дар олам ба 140 миллиону 531 ҳазору 290 нафар расид. Танҳо шабонарӯзи гузашта боз 196 ҳазору 576 нафар гирифтори ин вирус шуданд. Аз оғози ҳамагирӣ дар ҷаҳон 3 миллиону 012 ҳазору 206 нафар ҷон бохтанд.

Дар ИМА шабонарӯзи гузашта 74289 нафар сироятшудагони нав ба вируси корона  ба қайд гирифта шуд.