САҲА ва Кумита ҳамкориро қавитар менамоянд
Чоп шуд: 06/04/2021 | redaktor5-уми апрели соли ҷорӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии кории Раиси Кумита генерал-лейтенант Назарзода Р. бо Роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Душанбе ҷаноби Валериу Кивер ҷиҳати муҳокимаи масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳо дар соли 2021 ва ҳамоҳанг намудани ҳамкориҳо дар соли 2022 баргузор гардид.