Наҷоти як гурбаи мискин аз нӯги шохи дарахте, ки баробар ба баландии бинои шашошёна буд
Чоп шуд: 28/04/2021 | redaktorШаби гузашта ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як сокини пойтахти кишвар занг зад ва хабар дод, ки дар нуги шохи як дарахте, ки баробар ба ошёнаи шашуми биност, як гурба дармондааст ва ҳарчанд мехоҳад поён шавад, вале наметавонад. Оё имконе ҳаст, ки ӯро беозор поин оранд?