Activities calendar

30 апрели 2021

Британияи Кабир дозаи зиёдатии воксани коронавирус надорад, ки ба Ҳинд фиристад

Шумори гирифторон ба коронавирус дар олам ба 151 миллиону 161 ҳазору  947 нафар расида аз ин беморӣ то кунун дар олам 3 миллиону 179 ҳазору 961 нафар ҷон бохтаанд. Муолиҷашудагон 129 миллиону 112 ҳазору 199 нафар буда, ҳоло дар беморхонаҳои олам 111 ҳазору 791 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд. 

Ҳолати имрӯза ва суръати баланди паҳн шудани штамми

КОВИД-19: Пойтахти Ҳинд дигар ҷойи мурдасӯзӣ надорад

Мавҷи дуввум ва саҳмгину маргборо коронавирус дар Ҳинд ҳанӯз рӯ ба рукуд наовардааст ва дар Деҳлӣ-пойтахти ин кишвар дигар ҷойи мурдасӯзӣ намондааст. Рӯзи панҷшанбе бо сирояти беш аз 386 ҳазор нафари дигар шумори гирифторони коронавирус дар Ҳинд аз 18 миллион нафар гузашт.  Ин бештарин теъдоди мубталоёни рӯзонаи як кишвар аз оғози ҳамагирии корона аст.