КОВИД-19: Пойтахти Ҳинд дигар ҷойи мурдасӯзӣ надорад

Мавҷи дуввум ва саҳмгину маргборо коронавирус дар Ҳинд ҳанӯз рӯ ба рукуд наовардааст ва дар Деҳлӣ-пойтахти ин кишвар дигар ҷойи мурдасӯзӣ намондааст. Рӯзи панҷшанбе бо сирояти беш аз 386 ҳазор нафари дигар шумори гирифторони коронавирус дар Ҳинд аз 18 миллион нафар гузашт.  Ин бештарин теъдоди мубталоёни рӯзонаи як кишвар аз оғози ҳамагирии корона аст.

Танҳо дар Деҳлӣ 390 нафар бар асари сироят ба коронвирус ҷон бохтанд, ки ин бештарин шумори қурбониёни рӯзонаи коронавирус дар пойтахти Ҳинд ба шумор меравад.

Пулиси ин шаҳр гуфтааст, ки бо таваҷҷуҳ ба камбуди ҷой мардум маҷбур шудаанд барои маросими мурдасӯзии азизонашон аз маҳалҳое истифода кунанд, ки шароити муносиб барои анҷоми маросими қурбониёни корона дорад.

Бемористонҳои Ҳинд ҳамчунон ба камбуди оксиген, кати бемориву дору барои беморон рӯ ба рӯ аст.

Манбаъ: ВВС

МАТОЛИБИ ҲАМСОН: