Disaster Reports
Аввалин суқути ҳвопаймо, ки як тими комили варзиширо ба ҳалокат расонд, 4-уми майи соли 1949 дар Италия иттифоқ уфтода буд. Дар ин суқути ҳавопаймо дастаи машҳури футболи Италия бо номи “Торино” пурра нобуд шуд. Замоне ин даста шуҳрати беандоза дошт ва дар қораи Аврупо беҳтарин ва нерумандтарин тими футбол ба шумор мерафт. Ин ҳавопаймо аз Лиссабон баъди бозии “Торино” бо “Бенфик” парвоз карда буд.
Шаби 17-уми апрели соли равон, соати 22:30 дақиқа дар километри 49-уми роҳи Душанбе – Рашт дар мавзеъи деҳаи Дубеда, ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Автомашинаи тамғаи “Опел”, ки аз ҷониби як сокини 18-солаи деҳаи Фотеҳободи ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод идора мешуд, ҳангоми ҳаракат ба самти Файзобод ба кадом сабабе аз роҳе берун ва...