Шаби 17-уми апрели соли равон, соати 22:30 дақиқа дар километри 49-уми роҳи Душанбе – Рашт дар мавзеъи деҳаи Дубеда, ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Автомашинаи тамғаи “Опел”, ки аз ҷониби як сокини 18-солаи деҳаи Фотеҳободи ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод идора мешуд, ҳангоми ҳаракат ба самти Файзобод ба кадом сабабе аз роҳе берун ва дучори садама шудааст.
Дар ин садама 3 мусофири мошин дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ронанда бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шудааст.
Ҳалокшудагонро мардуми маҳал аз дохили мошин берун оварда, ба мақомоти дахлдор супурданд.
Дар бораи сабаби садама иттилои мушаххас дар даст нест. Дар айни замон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.
Се нафари дар ин садамаи маргбор фавтида сокинони шаҳри Душанбе буда, ду нафари онҳо ҳамагӣ 17 сол доштаанд ва нафари сеюм 22-сола будааст.