Суқути ҳавопаймо дар олами варзиш

Аввалин суқути ҳвопаймо, ки як тими комили варзиширо ба ҳалокат расонд, 4-уми майи соли 1949 дар Италия иттифоқ уфтода буд. Дар ин суқути ҳавопаймо дастаи машҳури футболи Италия бо номи “Торино” пурра нобуд шуд. Замоне ин даста шуҳрати беандоза дошт ва дар қораи Аврупо беҳтарин ва нерумандтарин тими футбол ба шумор мерафт. Ин ҳавопаймо аз Лиссабон баъди бозии “Торино” бо “Бенфик” парвоз карда буд. Каме дуртар аз Турин тайёра дар туман андармон шуд ва аз сабаби торикии ҳаво ба замин зад.

Худи ҳамон сол дар сонеҳаи ҳавопаймоии Ла-Манш шаш нафар аз беҳтарин хоккейбозони Чехословакия қурбон шуданд.  Соле баъд, яъне соли 1950 ҳамин гуна фоҷеа ба сари дастаи хоккейбозон аз Иттиҳоди Шӯравӣ омад. Дар сонеҳаи ҳавопаймоии Свердловск 11 нафар хокейбозони тими ВВС ҳалок шуданд. Футболбоз ва хокейбози машҳур ва яке устураҳои варзиши он солҳо Всеволод Бобров ба парвоз дер ҳозир шуд ва зинда монд. Муддате парвозро ба хотири Бобров боздоштанд, вале боз ҳам ӯ нарасид ва тим бе ӯ сафар кард. Бобров бошад ба Челябинск бо қатор рафт ва наҷот ёфт.

****    ****    ****

Соли 1958 дар сонеҳаи дигари ҳавопаймоӣ 8 футболбоз ва се узви ситоди мураббиёни  "Манчестер Юнайтед" кушта шуданд. Даста аз Белград баъди анҷоми ҷоми қаҳрамонӣ бармегашт ва ба Мюнхен фуруд омад. Ҳангоми парвоз аз фурудгоҳи Мюнхен бар асари бориши барфи зиёд ҳавопаймо бо ҳайати бозигарон натавонист ба ҳаво хезад ва аз хати парвоз берун шуд. Нуҳ нафар аз аъзои ин даста ҳамроҳ бо сармураббӣ Мэтту Басби зинда монданд. Басби тавонист дубора тими худро аз ҳисоби бозигарони дигар пурра кунад. 

****    ****    ****

Солҳои 1960 якбора чор фоҷеаи бузурги варзишӣ рух дод, ки ба суқути ҳавопаймоҳо иртибот дошт. Садамаи тайёра дар шаҳри Каструли Дания ҷони ҳашт футболбози тими милии ин кишварро рабуд.

****    ****    ****

Соли 1961 бошад ҳавопаймое, ки аз Ню-Йрк парвоз карда буд, ҳангоми нишаст дар Брюсел дучори садама шуд. Ҳамаи мусофирони он кушта шуданд. Аз 73 мусофир 34 нафар раққосони рӯи ях, мураббиён ва шахсони расмии тими бозӣ дар рӯи яхи ИМА, аъзои оила ва дӯстони онҳо буданд, ки барои ширкат дар Ҷоми ҷаҳонӣ ба Прага парвоз мекарданд.  Он сол бозиҳои қаҳрамонии рақси рӯи ях ба нишони мотам ба варзишгарони фавтида лағв шуд.

****    ****    ****

Ду моҳ баъд – моҳи апрели соли 1961 24 бозигари тими “Грин-Кросс” дар суқути ҳавопаймо дар Чили ҳалок гаштанд.

****    ****    ****

Соли 1969 дар садамаи ҳавопаймоии Боливия 19 футболбози тими “Эйр Ликвид” ба ҳалокат расиданд. 

****    ****    ****

1 – уми апрели соли 1970 дар Красноярск ҳавопаймои мулкии Ан-24 суқут кард. Ҳамаи сарнишинонаш бо шумули тими наврасони волейбол пурра ҳалок шуданд. 

Моҳи октябри соли 1972 дар Чили ҳавопаймо бо 45 нафар, аз ҷумла тими регбии Old Christians Club аз Монтевидеои Уругвай дар баландии 4000 метр ба кӯҳ бархӯрд ва дар он овезон монд. Хӯрока надошт, одамон маҷбур буданд гӯшти шарикони мурдаи худро бихӯранд.  Дар ин фоҷеа танҳо 16 нафар зинда монданд.

****    ****    ****

11 – уми августи соли 1979 дар фазои Днепродзержинский якбора ду ҳавопаймо суқут кард. Яке бо хатсайри Тошканд-Минск бо 83 мусофир парвоз мекард, ки 17 нафари онҳо аъзои тими футболи машҳури “Пахтакор”-и Ӯзбекистон буданд. Ҳавопаймои дуюм бо 89 нафар парвоз мекард, ки ҳамагӣ ҳалок шуданд. Дар як рӯз ва дар як макон ду сонеҳаи мудҳиши ҳавопаймо ҷони 178 нафарро рабуд. Дастаи “Пахтакор” он шабу рӯз яке аз дастаҳои пуршуҳрати футболи Шӯравӣ маҳсуб мешуд. 

****    ****    ****

Моҳи декабри соли 1987 як ҳавпаймо дар шаҳри Лимои Перу суқут кард ва дар он 43 нафар футболистон, мураббиён ва мухлисони  тими ФК "Алянса Лима" ҳалок шуданд. 

****    ****    ****

Моҳи июни соли 1989 дар Суринам тайёра бо футболбозони Ҳоланд суқут кард. Аз 187 мусофири ҳавопаймо танҳо ба 11 нафар муяссар шуд, ки зинда монанд. 15 футболбози ҳолландӣ ҳам қурбонии ин сонеҳа шуданд. Онҳо барои ширкат ба бозии рафиқона ба Парамарибо равона буданд. 

****    ****    ****

Соли 1993 500 метр дуртар аз соҳилҳои Либревил, пойтахти Габон ҳавопаймо суқут кард, ки дар он 18 футболбози тими миллии Замбия кушта шуданд. 

****    ****    ****

Моҳи августи соли 2008 як ҳавопаймо дучори садама шуд, ки дар он тими баскетболбозони ҷавони Қирғизистон барои ширкат дар мусобиқоти варзишӣ ба Теҳрон равон буданд. Даҳ нафар ҳалок шуданд ва ҳафт нафар зинда монданд. 

****    ****    ****

 

ВА БОЗ ДАР ИН МАВЗӮЪ:

барчасп: