Шумори гирифторон ба коронавирус дар олам ба 151 миллиону 161 ҳазору 947 нафар расида аз ин беморӣ то кунун дар олам 3 миллиону 179 ҳазору 961 нафар ҷон бохтаанд. Муолиҷашудагон 129 миллиону 112 ҳазору 199 нафар буда, ҳоло дар беморхонаҳои олам 111 ҳазору 791 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд.
Ҳолати имрӯза ва суръати баланди паҳн шудани штамми ҳиндии вируси корона метавонад дар ҳар кишвари дигар ҳам рух диҳад. Дар ин бора рӯзи 29-уми апрели соли равон директори Дафтари аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Ҳанс Клюге дар як брифинги матбутӣ дар ҳузури хабарнигорон изҳори назар намуд.
КОВИД-19: Пойтахти Ҳинд дигар ҷойи мурдасӯзӣ надорад
Хатари коронавирус дар Ҳинд. Мурдаҳоро дар кӯчаҳо месӯзонанд
Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ИМА бештар аз 54 ҳазор мубталоёни нав ба коронвирусро сабт карданд.
Олмон хабар дод, ки дар ин кишвар зарфи 24 соати сипаришуда 24 736 мубталои нав ба қайд гирифта шудааст ва аз ин беморӣ боз 264 нафар ҷони худро аз даст доданд. Шумори умумии ҳалокшудагон аз COVID-19 ба 82 544 расидааст.
Дар Британияи Кабир дозаи зиёдатии воксан аз COVID-19 боқӣ намондааст, ки онро ба Ҳинд фиристанд. Дар ин бора рӯзи 29-уми апрели соли равон вазири тандурустии ин кишвар Мэтт Хэнкок иттилоъ дод.
Дар минтақаи Аквитанияи Нави Фаронса аввалин ҳодисаи сироят ба штамми ҳиндии коронавирус SARS-CoV-2 ба қайд гирифта шуд.
Дар қаламрави Туркия президент Раҷаб Тайип Эрдуғон локдауни шадид эълон кард. Дар доираи маҳдудиятҳо ҳамчунин қуюди шабгардии шабонарӯзӣ низ ҷорӣ шудааст ва ин аввалин тадбири басо шадид аз аввали ҳамагирӣ аст.
Вазорати беҳдошти Эрон аз марги боз 434 нафар бар асари сироят ба коронавирус хабар дод. То ба имрӯз шумори куштагони COVID-19 дар Эрон ба 70 966 нафар расидааст. Шабонарӯзи гузашта 21 713 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус сабт шуда буд, ки 5338 нафари онҳо дар беморхонаҳо бистарӣ карда шуданд.
Дар Покистон, ки бо Ҳиндустон ҳаммарз аст, вазъи беҳдоштӣ якбора бад шуд. Рӯзи чоршанбе шумори зиёди мубталоён ба коронавирус ба қайд гирифта шуданд ва мақомот аз марги 200 нафар хабар доданд.
Русия аз ифшои боз 9284 ҳолати сироят ба COVID-19 хабар дод.
Ҳукумати Қазоқистон соати кории нуқтаҳои эмкуниро то нимишабӣ тамдид кард.
Дар парламони Қирғизистон масъалаи мутобиқ набудани Алимқодир Бейшеналиев ба вазифаи ишғолкардааш вазири тандурустӣ баррасӣ мешавад.
То 30-уми апрели соли равон дар Ӯзбекистон 90 406 ҳодисаи сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шуда, шумори фавтидагон ба 647 нафар расидааст.