Бо мақсади омодагӣ ба пешгирии паҳншавии эҳтимолии сирояти коронавируси COVID-19 ва дар доираи татбиқи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи байналмилалӣ дар соҳаи пешгирӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда байни КҲФ ва Барномаи Умумиҷаҳонии озуқаи СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, 27 апрели соли 2021 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвил ва қабули воситаҳои муҳофизатии инфиродӣ сурат гирифт.
Аз ҷумлаи ин воситаҳои муҳофизатӣ тақрибан 14 ҳазор ниқобҳои ҳифозатӣ ва зиёда аз 130 антисептик буд.
Роҳбарияти Кумита ба намояндагии Барномаи умумҷаҳонии озуқаи СММ дар Тоҷикистон барои дастгирии ҳамешагӣ ва кумакҳои расонидашуд изҳори сипос кард ва зикр намуд, ки ин кумакҳо куллан ба пешгирии уфунати коронаврус дар Тоҷикистон равона шудаанд ва ба ҳамин мақсадҳо масраф хоҳанд шуд.