Созмони ҷаҳонии тандурустӣ беш аз 2,6 ҳазор кормандону мутахассисонашро ба Ҳинд фиристод, то дар мубориза ба муқобили авҷи коронавирус дар кишвар кумак кунанд. Фиристодагони ин созмон ба духтурони Ҳинд дар масъалаҳои калидии муолиҷа ва эмкунии аҳолӣ маслиҳату машварат медиҳанд.
Ба сокинони Ҳиндустон тавсия дода шуд, ки ҳатто барои эҳтиёт аз сироят дар хона низ ниқоби тиббӣ дошта бошанд. Рӯзи 26-уми апрел дар ин кишвар боз 352 ҳазор мубталои нав ба коронавирус SARS-CoV-2 ба қайд гирифта шуд.
Зарфи 24 соати охир дар қаламрави Олмон 10 976 сироятшуда ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар ҳамин давра 344 нафар аз ин беморӣ ҷон бохтанд.
Шабонарӯзи гузашта Фаронса беш аз 5,9 ҳазор ҳодисаи нави сироят ба КОВИД-19-ро сабт кард. Ин кишвар аз эм шудани 14 миллиону 102 ҳазору 290 нафар хабар дод.
26 – уми апрели соли равон вазорати беҳдошти Эрон хабар дод, ки дар 24 соати сипаришуда 456 сокини ин кишвар бар асари гирифторӣ ба коронавирус ҷон бохтанд. Дар як шабонарӯз 21 026 гирифтори нав сабт гардид ва 3734 бемор дар беморхонаҳо бистарӣ карда шуданд.
Дар Молдова зарфи як шабонарӯз баъди 2929 санҷиш 246 ҳодисаи сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шуд.
Русия аз сирояти боз 8053 нафар хабар дод.
Сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин иттилоъ дод, ки вазъи эпидемиологии вобаста ба густариши коронавирус ба эътидол омадааст.
27-уми апрели соли 2021 дар Қирғизистон 247 нафар олудагони нав ба COVID-19 сабт шуданд.
Ӯзбекистон боз 1 миллион доза воксани чинии ZF-UZ-VAC 2001-ро дарёфт кард. Ин дуюмин бастаҳои ин воксани чинист, ки ба Ӯзбекистон мерасад.
Дар "Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика"-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба оғози ҳафтаи иммунизатсияи Аврупо форум баргузор гардид. Дар ин нишаст намояндагони Вазорати тандурустӣ, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ва дигарон ҷонибҳои манфиатдор аҳамияти эмкунии саривақтии аҳолиро баррасӣ карданд.