Шаби гузашта ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як сокини пойтахти кишвар занг зад ва хабар дод, ки дар нуги шохи як дарахте, ки баробар ба ошёнаи шашуми биност, як гурба дармондааст ва ҳарчанд мехоҳад поён шавад, вале наметавонад. Оё имконе ҳаст, ки ӯро беозор поин оранд?
Соҳиби ин гурба ҳамчунин гуфт, ки худи ӯ хеле талош кард, вале ҳама кушишҳояш бенатиҷа буданд.
Имдодгарони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расиданд ва ва бо ёрии нардбон то ба шохи дарахте, ки гурба руст мондааст, худро расонданд ва онро беозор поин оварданд ва ба соҳибаш супурданд.
Ҳарчанд вазифаи аслии имдодгарон наҷоти ҷони инсонҳост, вале ҳолатҳои зиёде рух додааст, ки онҳо барои наҷоти ҳайвонот, бахусус сагу гурбаҳо, ки аз дӯстони хуби одамонанд, талошҳо кардаанд.