Вохурӣ бо намояндагони ду Кумита

Бо мақсади бардоштани интизоми ҳарбӣ, тарбияи ватандӯстӣ, бедор намудани ҳисси миллӣ, садоқат ба Ватан ва савганди ҳарбӣ, зиракии сиёсӣ, пешгирӣ аз амалҳои ғайриқонунӣ, шарҳу эзоҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, танзиму анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ дар Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти омӯзишӣ гузаронида шуд. 

Аз ҷониби Сафарзода Диловар – мутахассиси пешбари Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти тавзеҳӣ ва муфассал оид ба Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашун маросим” пешниҳод карда шуд. Номбурда бо мисолҳои мушаххас ба ҳайати шахсӣ оид ба талаботҳои асосии қонуни болозикр дар тавъамӣ бо Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд”, содиршавии кирдорҳои ғайриқонунӣ, роҳҳо ва пешгирии ин гуна кирдорҳо, пешгирии роҳҳои исрофгарӣ фаҳмонида, тавсияву маслиҳатҳо дод.

Азимова Маҳбуба – сардори шуъбаи ташкилии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ оид ба “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, ки баҳри тасдиқ намудан ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардидааст, маълумот дода, ҳамчунин доир ба нақши занон дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятии мамлакат суханронӣ намуд. Аз ҷумла ӯ қайд намуд, ки бо фароҳам овардани замина ва шароитҳои зарурӣ баҳри муайян намудани қобилияти занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ рушди устувори ҷомеа таъмин мегардад. Аз ин ҷост, ки дар мадди назар қарор гирифтани масъалаи занон, аҳамияти он дар баробари такмилу ташаккули низоми сиёсии ҷомеа, рушди институтҳои демократӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ меафзояд. Ҳадафи асосӣ ин аст, ки барои амалӣ намудани ҳуқуқ ва инкониятҳои иқтисодии занон ва ҳам иштироки баробари онҳо дар ҳаёти ҷомеа, шароит фароҳам оварда шавад.

Ин мулоқоти хотирмону самимӣ бо саволу ҷавобҳои мубоҳисавӣ таассуроти хубе ба ҳайати шахсӣ боқӣ гузошт. 

барчасп: