САҲА ва Кумита ҳамкориро қавитар менамоянд

5-уми апрели соли ҷорӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии кории Раиси Кумита генерал-лейтенант Назарзода Р. бо Роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Душанбе ҷаноби Валериу Кивер ҷиҳати муҳокимаи масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳо дар соли 2021 ва ҳамоҳанг намудани ҳамкориҳо дар соли 2022 баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳо оид ба пешгирӣ, огоҳсозӣ, бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ва расонидани ёрии аввалия ба аҳолии осебпазир ахборот пешниҳод гашт.

Раиси Кумита  оид ба рафти корҳои сохтмонии Маркази миллии тамринӣ барои омода намудани наҷотдиҳандагон, курсҳои омӯзишӣ барои наҷотдиҳандагон, кормандони тиб ва  мутахассисони марказҳои таълимию методии Кумита маълумот дода, миннатдории самимии хешро бори дигар ба Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА изҳор намуданд.

Инчунин Раиси Кумита ҷиҳати идома додани ҳамкориҳои судманд дар оянда барои ташкили курсҳои омӯзишӣ барои наҷотдиҳандагон -ғаввосон, кинологҳо, чопи овезаҳо барои   мактаббачагони деҳоту ноҳияҳои дурдаст барои дастгирӣ пешниҳод намуданд.

Роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Душанбе ҷаноби Валериу Кивер барои маълумоти пешниҳоднамуда изҳори миннатдорӣ намуда, қайд карданд, ки САҲА минбаъд низ ҳамкории худро бо Кумита дар самти коҳиши хавфи офатҳои табиӣ идома медиҳад.

Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо миннатдории худро ба ҳамдигар изҳор намуда, иброз доштанд, ки густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти коҳиши хавфи офатҳои табиӣ боз ҳам мустаҳкамтар менамоянд.

барчасп: