Шумори сироятёфтагон ба коронавирус дар олам ба 146 миллиону 274 ҳазору 580 нафар расид ва 124 миллиону 386 ҳазору 172 нафар пурра муолиҷа шуданд. Аз ин беморӣ то кунун 3 миллиону 100 ҳазору 333 нафар ҷон бохтанд.
Кишварҳое, ки бештар мубтало ба КОВИД-19 доранд:
ИМА — 32 735 704
Ҳинд — 16 610 481
Бразилия — 14 238 110
Фаронса — 5 440 946
Русия — 4 744 961
Туркия — 4 550 820
Дуюмин рӯз аст, ки дар олам ҳадди рекордии сироят ба COVID-19 ба қайд гирифта мешавад.
Зарфи 24 соати сипаришуда дар ИМА боз 28 437 мубталои нав ба қайд гирифта шудааст. 330 нафар бар асари ин беморӣ ҷон бохтаанд.
Ҷастин Трюдо-Сарвазири Канада вазъи сироят ба коронавирусро дар кишвараш нигаронкунанда номид. Сарвазири Канада, ки рӯзи 23-уми апрел дар як нишасти матбуотӣ сухан мегуфт, изҳор дошт, ки зарфи як моҳи охир шумори мубталоёни шабонарӯзӣ ба беш аз аз 8,6 ҳазор расидааст.
Агентии милии назорати беҳдоштии Бразилия (Anvisa) масъалаи харидории воксани русии «Спутник V» -ро баррасӣ мекунад.
Дар Фаронса беш аз 500 ҳазор ва ё 68%-и кормандони тибб ҳаддиақал як дозаи воксанро қабул кардаанд.
Ҳукумати Британияи Кабир хабар дод, ки шабонарӯзи гузашта боз 2729 сироятшудаи нав ба коронавирусро сабт кардааст ва аз ин беморӣ 19 нафар ҷон бохтаанд. Ин манбаъ ҳамчунин хабар дод, ки то ба имрӯз ҳаддиақал ниме аз сокинон як дозаи воксани зидди коронавирусро гирифтаанд.
Дар Шветсия зарфи 24 соати гузашта шумори фавтидагон аз КОВИД-19 41 нафар афзудааст. То ба имрӯз дар ин кишвар аз коронавирус 13923 нафар ҷон бохтаанд.
Ҳинд аз сирояти боз 8025 сокинонаш ба коронавирус хабар дод. Дуюмин рӯз аст, ки дар ин кишвар аз аввали ҳамагирӣ ҳадди рекордии мубталоӣ ба ин вирус ба қайд гирифта мешавад.
Дар Эрон зарфи як шабонарӯзи гузашта 453 нафар аз COVID-19 фавтиданд ва шумори фавтидагон аз аввали пандемия ба 68 746 нафар расидааст.
Латвия, ки қаблан дар миёни ҳамаи кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо дар шумори мубталоё ба ҳар 100 000 нафра аҳолӣ дар ҷойи аввал буд, ҳоло дар ҷойи 16-ум қарор гирифтааст. Ин беҳтарин нишондиҳанда дар миёни кишварҳои назди Балтик мебошад. Аз ҷумла, Литва дар ин рӯйхат дар ҷойи 10-ум ва Эстония дар ҷойи ҳафтум мебошанд. Яке аз дастовардҳои Латвия дар коҳиши сафи гирифторон суръат бахшидан ба эмкунии сар тосарии аҳолӣ буд.
ДарРусия шабонарӯзи гузашта 8840 ҳодисаи гирифторӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Бештар дар шаҳрҳои Москав - 2502 (рӯзе қабл 2704 буд), Санкт-Петербург — 694, Подмосковйе — 609, вилоятҳои Ростов — 238, Нижегород — 194, Самара — 191 ва аз ҳама камтар дар вилояти мухтори Яҳудӣ, Чукотка ва Тува сироятшудагони нав сабт шуданд. Дар Қувваҳои мусаллаҳои Русия ҳоло 657 ҳазор нафар зидди коронавирус эм карда шуданд.
Шумори умумии сироятшудагон дар Қазоқистон ба 303 570 нафар расидааст.
Моҳи май воксани британиёии «AstraZeneca» ба Қирғизистон ворид карда хоҳад шуд. Дар ин бора рӯзи гузашта сарвазири ин кишвар Улуғбек Марипов дар саҳифаи худ дар Facebook хабар додааст.
Дар Ӯзбекистон 510 329 нафар аввалин дозаҳои воксани зидди коронвирусро гирифтаанд. Дар ин бора рӯзи 23-уми апрел вазорати тандурустии ин кишвар хабар дод.