Субҳи рӯзи 23-уми апрели соли равон, дақиқан соати 08:30 дақиқа дар километри 100-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, дар мавзеъи деҳаи Работи ҷамоати шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Автомашинаи тамғаи “Таёта-Кемри”, ки аз ҷониби як сокини 20-солаи шаҳри Душанбе идора мешуд, ба ҷарии умқаш 15-20 метр дар соҳили Фондарё сарозер шуд.
Ин мошин аз шаҳри Душанбе ба самти Хуҷанд дар ҳоли ҳаракат буд.
Дар натиҷа ронанда бо 4 нафар ҳамсафаронаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар водии Зарафшон аз дохили мошин берун оварда шуда, ба беморхонаи ноҳиявии ноҳияи Айнӣ бистарӣ карда шуданд. Айни ҳол онҳо таҳти назорати табибон қарор доранд.
Ҳамаи ҷароҳатбардоштагон ҷавонони 18-22-сола мебошанд.
Сабаби ин садама таҳқиқ мешавад.