Аз номи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мувофиқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, рӯзҳои 15–18 апрел дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи номусоиди обу ҳаво пешгӯӣ мегардад.
Рӯзи 16 апрел дар аксари минтақаҳои ҷумҳурӣ боришоти борон дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва минтақаҳои доманакӯҳии вилояти Хатлон бошиддат меборад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ, дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр аз сатҳи баҳр, боришот дар шакли барф пешбинӣ мешавад.
Санаи 15 апрел дар натиҷаи воридшавии заррачаҳои муаллақ (чангу ғубор) дар минтақаҳои водӣ ва доманакӯҳӣ пастшавии ҳарорати ҳавои рӯзона то 8–10 дараҷа дар назар буда, дар баъзе минтақаҳо шиддатнокии шамол аз самти ғарб бо суръати то 15–20 м/с эҳтимол дорад.
Дар рӯзҳои 15–16 апрел дар минтақаҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе, инчунин рӯзҳои 17–18 апрел дар минтақаҳои шимолӣ ва марказии вилояти Суғд, бинобар воридшавии хокбориш, баланд шудани сатҳи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (PM10 ва PM2.5) пешгӯӣ мегардад.
Ҳамзамон, рӯзҳои 16–18 апрел дар натиҷаи боришот дар минтақаҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон ва баъзе ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эҳтимоли сар задани селҳои хусусияти маҳаллидошта вуҷуд дорад.
Илова бар ин, рӯзҳои 16–17 апрел дар дарёҳои Вахш, Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ), инчунин дар дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест.
Ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавсия дода мешавад, ки дар чунин шароити номусоиди обу ҳаво эҳтиёткориро риоя намоянд.


