Activities calendar

07 апрели 2026

КҲФ: РӮЗИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР Н.РӮДАКӢ

Санаи 4- уми апрели соли 2026 дар асоси амри Раиси ноҳия аз 12 марти соли 2026 таҳти №35 ва мутобиқ ба нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Литсеи давлатӣ «Рӯзи мудофиаи гражданӣ» ба таври намунавӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ дар мавзуи «Амали ҳайати неруҳои ғайриҳарбӣ ва таълимгирандагон ҳангоми ҳолатҳои фавқулодаи характери табиӣ (заминларзаи 6–7 балла)» ташкил шуда, ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи омодагии хонандагон ва кормандон ба ҳолатҳои фавқулода арзёбӣ гардид.

КҲФ: Баргузории ҷаласаи Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Лахш

Дар асоси дастуру супоришҳои Протоколи ҷаласаи назди раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар ноҳияи Лахш ҷаласаи ғайринавбатии Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулода баргузор гардид. 

Дар кори ҷаласа намояндагони Кумита, аъзои Комиссия, сохторҳои дахлдор, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва зернизомҳои вазифавии низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода иштирок намуда, масъалаҳои муҳими пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, бахусус дар минтақаҳои хавфноки ноҳия, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 

КҲФ: КОМИССИЯ ОИД БА ПЕШГИРИИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛЛОДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНИИ Н.ЁВОН

Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи Комиссия оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ баргузор гардид. Ҷаласа таҳти роҳбарии раиси комиссия- раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода сурат гирифта, дар он аъзои комиссия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони сохторҳои марбута ва масъулини соҳа иштирок намуданд. 

Дар ибтидо сардори Бахши раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи Ёвон оид ба иҷрои нақшаи чорабиниҳо, омодагии техникаву таҷҳизот, захираҳои моддиву техникӣ ва сатҳи омодабошии гурӯҳҳои наҷотдиҳӣ ҳисобот пешниҳод намуданд. Таъкид гардид, ки корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, тозакунии каналҳо ва омодагӣ ба мавсими боришоти зиёд бояд сари вақт ва бо сифати баланд анҷом дода шаванд.