Дар асоси дастуру супоришҳои Протоколи ҷаласаи назди раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар ноҳияи Лахш ҷаласаи ғайринавбатии Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулода баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа намояндагони Кумита, аъзои Комиссия, сохторҳои дахлдор, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва зернизомҳои вазифавии низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода иштирок намуда, масъалаҳои муҳими пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, бахусус дар минтақаҳои хавфноки ноҳия, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар раванди кори ҷаласа муҳокимаи ҳолати амалишавии қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ баргузор гардид. Бояд қайд намуд, ки вобаста ба амалишавии қарорҳои дахлдор, аз ҷумла №778 (соли 2006), №799 (соли 2015), №602 (соли 2010), №630 (соли 2022) ва №262 (соли 2012), аз ҷониби бахши Кумита дар ноҳияи Файзобод як қатор чорабиниҳо амалӣ гардида истодаанд. Аз ҷумла:
-мониторинги доимии мавзеъҳои хавфноки ноҳия ба роҳ монда шудааст;
-нақшаҳои амал дар ҳолатҳои фавқулода таҷдид ва мувофиқа карда шудаанд;
-захираҳои моддӣ ва техникӣ барои вокуниши фаврӣ омода карда шудаанд;
-бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омӯзишӣ гузаронида мешаванд.
Қайд гардид, ки Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикситон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2034 як ҳуҷҷати муҳими давлатӣ мебошад, ки ба коҳиш додани осебпазирии аҳолӣ ва инфрасохтор аз офатҳои табиӣ равона шудааст. он татбиқи чораҳои пешгирикунанда, тақвияти иқтидори идоракунӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ ва рушди низоми самаранокии вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаро пешбинӣ менамояд.
Дар хотимаи кори ҷаласа, мақомоти дахлдор вазифадор карда шуданд, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода тақвият бахшида, омодагии қувва ва воситаҳоро барои вокуниши фаврӣ таъмин намоянд.
Бо мақсади беҳтар намудани вазъ, пешниҳод гардадид:
-тақвият додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеъҳои хавфнок;
-ҷалби техника ва захираҳои иловагӣ барои корҳои пешгирикунанда;
-баланд бардоштани сатҳи омодагии аҳолӣ тавассути омӯзиш ва машқҳои амалӣ;
-пурзӯр намудани ҳамкории байни сохторҳои давлатӣ ва мақомоти маҳаллӣ;
-назорати қатъии иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда.


