Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи Комиссия оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ баргузор гардид. Ҷаласа таҳти роҳбарии раиси комиссия- раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода сурат гирифта, дар он аъзои комиссия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони сохторҳои марбута ва масъулини соҳа иштирок намуданд.
Дар ибтидо сардори Бахши раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи Ёвон оид ба иҷрои нақшаи чорабиниҳо, омодагии техникаву таҷҳизот, захираҳои моддиву техникӣ ва сатҳи омодабошии гурӯҳҳои наҷотдиҳӣ ҳисобот пешниҳод намуданд. Таъкид гардид, ки корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, тозакунии каналҳо ва омодагӣ ба мавсими боришоти зиёд бояд сари вақт ва бо сифати баланд анҷом дода шаванд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои вобаста ба омодагии сохторҳо ба ҳолатҳои эҳтимолии фавқуллода, аз ҷумла офатҳои табиӣ, пешгирии хатари обхезиҳо, селу ярч, сӯхтор ва дигар ҳолатҳои ғайримуқаррарӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Қайд карда шуд, ки таъмини бехатарии аҳолӣ ва ҳифзи иншооти муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти маҳаллӣ ба ҳисоб рафта, дар ин замина зарурати таҳкими ҳамоҳангии фаъолияти тамоми сохторҳои дахлдор таъкид гардид.
Дар фарҷоми ҷаласа раиси комиссия ба масъулин ҷиҳати пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, таъмини омодабошии доимии нерӯ ва воситаҳо, инчунин роҳандозии чораҳои иловагӣ баҳри пешгирии ҳолатҳои фавқуллода, аз ҷумла соҳилмустаҳкамкунт дар минтақаҳои хавфи эҳтимолияти сар задани офати табиӣ, оббозии кӯдакону наврасон дар каналу рудҳои обгузар номувофиқ ва пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ супоришҳои мушаххас доданд.


