КҲФ: РӮЗИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР Н.РӮДАКӢ

Санаи 4- уми апрели соли 2026 дар асоси амри Раиси ноҳия аз 12 марти соли 2026 таҳти №35 ва мутобиқ ба нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Литсеи давлатӣ «Рӯзи мудофиаи гражданӣ» ба таври намунавӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ дар мавзуи «Амали ҳайати неруҳои ғайриҳарбӣ ва таълимгирандагон ҳангоми ҳолатҳои фавқулодаи характери табиӣ (заминларзаи 6–7 балла)» ташкил шуда, ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи омодагии хонандагон ва кормандон ба ҳолатҳои фавқулода арзёбӣ гардид.

Дар рафти машқҳои амалӣ иштирокчиён тартиби дурусти рафтор ҳангоми заминларза, роҳҳои эвакуатсия, расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ва ҳамоҳангсозии амалҳоро дар ҳолатҳои изтирорӣ аз худ намуданд. Машқҳо дар сатҳи баланд баргузор гардида, масъулон ба фаъолияти иштирокчиён баҳои мусбат доданд.

Зикр гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани сатҳи маърифат ва омодагии аҳолӣ, бахусус наврасон, дар ҳолатҳои фавқулода аҳамияти муҳим дорад.