Тарма дар қаламрави Ишкошим муддате роҳи мошингардро баст

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ноҳияи Ишкошими ВМКБ лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд, ки бар асари он муваққатан дар километри 51-53 роҳи мошингарди Хоруғ – Ишкошим ҳаракати нақлиёт боздошта шуд. Ин тарма дар қаламрави деҳаи Дижори ҷамоати деҳоти Қозидии ноҳияи Ишкошин сарозер шуд.

Барои бартараф намудани паёмадҳои он аз ҷониби Вазорати нақлиёти кишвар техникаи махсус ҷудо шуд ва роҳ аз барфтӯда тоза ва ҳаракати нақлиёт дубора аз сар гирифта шуд.

Дар натиҷаи бориши зиёд ва баланд шудани ҳарорати ҳаво дар ҳудуди ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, нишебиҳои ҷанубии силсилакӯҳҳои Ҳисор ва қисмати ғарбии ВМКБ хатари лағзиши тарма, резиши санг ва омадани сел, ҳамчунин дар роҳҳои ағба яхбандӣ ва дар водиҳо ва ноҳияҳои наздикӯҳӣ туман вуҷуд дорад.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони кишвар муроҷиат менамояд ва хоҳиш мекунад аз сафар ба минтақаҳои тармахез худдорӣ кунанд, муваққатан ба доманакӯҳҳо барои ҳезум нараванд, молчаронӣ накунанд, ба шикоргоҳ низ нараванд.

Ронандагон ҳангоми сафар дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро риоя намоянд. Риояи фосилаи байни мошинҳо ва боло набурдани суръати ҳаракат гарави аслии бехатарӣ дар роҳҳост.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба шаҳрвандон ва меҳмонон муроҷиат мекунад, ки эҳтиёт кунанд, ҳушёр бошанд ва дар ҳоли пеш омадани ҳолатҳои фавқулода ба ин рақамҳо занг зананд:

112;

 93 880 28 19.

МАТОЛИБИ ДИГАРИ ИМРӮЗ:

СЕ АМАЛИЁТИ НАҶОТ ТО ВА БАЪДИ СОЛИ НАВ

ЧОР СОКИНИ ДЕҲАИ ҒАЗАНИ ПОЁНИ ПАНҶЕКАТ АЗ ТАЪСИРИ ГАЗИ КАРБОН ҲАЛОК ШУДАНД. КҲФ ҲУШДОР МЕДИҲАД!

барчасп: