Аввали баҳор мавсими борону жола ва лағзиши тарма аст. Гармтар шудани дамои ҳаво маъмулан дар роҳҳои кӯҳӣ ду хатари аслиро ба бор меоранд, ки яке лағзиши эҳтимолии тарма аст ва дигаре резиши санг. То ин ҷо мо хабарҳои зиёде доштем, ки чӣ миқдор тарма омад ва роҳҳоро пӯшонду ҳаракати нақлиётро ба мушкил рӯ ба рӯ кард. Тарма чист ва кадом қоидаҳои бехатариро бояд риоя кард? Калонтарин тармаҳои олам кадомҳо буданд? Аз шахсиятҳои маъруф киҳо зери тарма монданду киҳо аз он ҷон ба саломат бурданд? Матлаби зер посухе ба ин суолҳоянд.
Тарма – тӯдаи сахтшудаи барф, ки аз кӯҳ сарозер мешавад; яхпора. Дар форсӣ барфкӯч,барфшор, баҳман ё яхбарф. Бисёр тармаҳои паси ҳам дар минтақаҳои шимол ба қайд гиифта мешаванд. Онҳо асосан дар моҳҳои феврал-март бисёр меоянд. Дар солҳои 2001—2003 садҳо нафар аз тарма зарар диданд, даҳҳо тан ҳалок гардиданд. Харобиҳо гоҳо ба ҳадде буданд, ки одамонро бехонумон карданд.
Ин падида басо ногаҳонӣ меояд ва анбӯҳе аз барф аз теппаҳо ё кӯҳҳо канда шуда, бо суръати баланд ба нишебӣ ҳаракат мекунад ва сари роҳаш ҳар чизе аз сангу хоку долу дарахт, ҳайвоноту инсон ҳаст, мерӯбад. Бо ҳаракати он аз боло ба поён қувваи фишораш нерӯмандтар мешавад, майдонаш васеътару густардатар мегардад. Суръаташ ба ҳадде тез мешавад, ки ҳатто то ба 300 км дар як соат мерасад. Он метавонад то ҳазорон ва бештар аз он тоннаҳо вазн дошта бошад. Бузургии ҳаҷми тарма майдони харобкориҳои онро густарда мекунад, мизони зарару талафот меафзояд. Он метавонад аз сари роҳаш ҳар ҷисми зинда, аз ҷумла одамро ба зер орад ва ҳангоми ин аз зарбу лат устухонҳои ӯро бишканад. Ин аст, ки зери тармамондагон на ҳамеша солим мемонанд.
Дар зимистон ва аввали баҳор тарма хатарноктарин падидаи табиист. Моҳи феврали соли 1999 тарма ба массаи 170 ҳазор тонна шаҳраки Галтур дар Австрияро пурра аз байн бурд ва 30 нафар ҷон бохтанд.
Аввали моҳи марти соли 2012 тарма дар Афғонистон хонаҳои мардумро куллан хароб кард ва сабабгори марги на камтар аз 100 нафар шуд.
Таърихи башар солҳоеро ҳам ёд дорад, ки шумори тармаҳои кушанда беш аз ҳадди интизор буд. Бахусус, солҳои 1950-1951 “Зимистони ваҳшат” ном гирифта буд.
Зимистони ваҳшат (анг. Winter of Terror) ба зимистони солҳои 1950-1951гуфта мешавад, танҳо аз кӯҳҳои Алп 649 тарма лағжид ва ҷони садҳо нафарробурду рустоҳои зиёдеро ба харобазор табдил дод. Он сол даркӯҳҳои Алп барф ба ҳадде зиёд борид, ки аз замин аз 3 то 4,5 метр баланд шуд.Дар Австрия 135 нафар ҳалок шуданд ва чандин деҳаҳо хароб гардиданд.Дар кантони Валеи Швейтсария 92 нафар ва наздик ба 500 сар чорвои калонба ҳалокат расид ва 900 сохтмон хароб гардид.Дар шаҳри швейтсарии Андерматт зарфи 60 дақиқа 6 тармаомад ва 13 нафарро кушт. Дар умум он сол дар Швейтсария 98,дар Югославия 30 ва дар Италия 46 нафар зери тарма ҳалок шуданд.
Қоидаҳои бехатарӣ
- ҳангоми номусоид будани обу ҳаво ба кӯҳҳову доманакӯҳҳо сафар накунед;
- агар барои зарурате лозим шуд кӯҳ равед, пас ҷиддан ба тағйироти обу ҳаво диққат диҳед;
- вақте ба кӯҳ мебароед, минтақаҳои тармахезро дар роҳи сафари худ бояд донед;
- талош кунед ба он қисмат аз кӯҳҳо ва доманакӯҳҳо, ки хавфи лағзиши тарма доранд, наравед;
- маъмулан ҳамеша ниҳодҳои вобаста ба обу ҳаво ва наҷот шаҳрвандонро аз вазъи ҳаво ва маконҳои пурхатару тармахез аз қабл огоҳ мекуннад. Агар шумо майли сафари кӯҳ доред, пас аввал ба ахбори манбаъҳои вобаста ба ин ниҳодҳо диққат диҳед.
- ва агар рафту шуморо хатари зери тарма мондан таҳдид мекунад, бояд аввал борхалта ва ҳар чизе доред, ҷудо шавед (ин корро бояд зуд анҷом диҳед ва ҳатто зарур аст бо корд банди онро буред).
- агар шумо лижаронед бояд ҳатман лижа ва чӯбдасти лижарониро низ раҳо кунед.
- Агар зери тарма мондед, талош кунед аз зер ба боло ҳаракат кунед. Ва агар дар дохили барфтӯда мондед, пас хуб аст, ки тибқи қоидаҳои шиноварӣ ҳаракат намоед.
- баъди он ки тарма дар ҷойе қарор гирифту аз ҳаракат монд, аввалин коре, ки бояд анҷом диҳед он бошад, ки дастатонро аз барф берун кунед, то имдодгарон шуморо дида тавонанд. Агар дар қаър мондед, пас хубтар он аст, ки камтар ҳаракат кунед, то оксиген бароятон захира монад, қуввати ҳаракат дошта бошед.
- Агар мехоҳед фарёд кунед, садо бароред, пас бояд тарзе ин корро анҷом диҳед, ки барф ба даҳони шумо ворид нашавад, роҳи нафасатонро набандад. Аммо бояд донед: Тавре касони зери тарма мондаву зинда беруншуда шаҳодат медиҳанд, садо аз зери барфтӯда берун намешавад ва доду фарёди шуморо берунбудагон намешунаванд.
ШАХСИЯТҲОЕ, КИ ЗЕРИ ТАРМА МОНДАНД
Дар ҳодисаи тарма дар гӯшаву канори олам дар миёни садҳо зери он мондаҳо шахсиятҳое ҳам буданд, ки дар замонашон исмашон вирди забонҳо буд. Хушбахтона, иддае аз зери тарма дубора сар берун карданд ва солҳо миёни мо зинда буданду ба кору фаъолияти худ идома доданд. Вале камбахтона, чанде аз онҳо оламро падруд гуфтанд. Месазад, ки дар ин бахш аз онҳо ёд кунем.
Шарл Бозон - лижарони машҳури фаронсавӣ, қаҳрамони варзиши соли 1962 – и ҷаҳон дар лижаронӣ дар кӯҳҳо ва барандаи ҷоизаи Олимпиадаи 1960. Дар синни 31-солагӣ ҳангоми баромадан ба қуллаи Эгюий-Верт (қуллаи дар Фаронса) зери тарма монд ва ҳалок шуд.
Карлович, Мечислав Янович — бастакор, дирижёр, кӯҳнавард, рассом, суратгир ва публистисти аҳли Лаҳистон. Соли 1909 дар синни 32-солагӣ зери тарма монд ва ҳалок гардид.
Букреев, Анатолий Николаевич — куҳнаварди Иттиҳоди Шӯравӣ ва Қазоқистон, ки даҳ қулларо аз чаҳордаҳ қуллаи ҳаштҳазорметрӣ фатҳ кардааст. Ӯ дар фосилаи солҳои 1989 – 1997 18 мартиба ба фатҳи қуллаҳо муваффақ шудааст. Дар маҳофили куҳнавардӣ яке аз нухбагони ин ришта шинохта мешавад. Ӯ зимистони соли 1997 ҳангоми боло шудан ба кӯҳи Онопурно (қуллае дар риштакӯҳҳои Ҳимолой дар қаламрави Непал) зери тарма монд ва аз олам даргузашт. Дар бораи Букреев матолиби зиёд интишор шуда ва муҳимтарин онҳо ёддошти ҳамсари ғайриникоҳии вай Линда Уайли мебошад.
Букреев дар умраш хонадор нашудааст ва ҳамеша мегуфтааст, ки “кори ман мушкилу хатарзо аст...” Соли 1994 вай дар Непал бо ЛиндаУайли – духтур аз ИМА, ки ба кӯҳгарди шуғл меварзид, шинос шуд ва солҳои охири ҳаёти худро бо ӯ сипарӣ кард. Вай барои Букреев на танҳо ҳамсари ғайриникоҳӣ буд, балки як ҳамсафар дар кӯҳгардӣ ва шарик дар оғозҳои нек, илҳомбахш дар комёбиҳои ӯ ба шумор мерафт. Баъдҳо Линда дар хотираҳояш навиштааст: “Ӯ ба ман қуллаи Ҳан-Тенгриро овард, зиндагонии маро бо ҳазлу шӯхиҳову танз ва муҳаббаташ нурониву рангин кард. Ман он солҳо бо вуҷуди он ки ҳаётамон доим дар зери хатар мегузашт, хушбахт будам. Мо басо ҳамдигарро эҳтиром мекардем ва зебогиҳои кӯҳистон дар муносибатҳои мо инъикос меёфтанд...”
Умри ӯ ҳамагӣ 39 сол буд.
Моро, Симоне — кӯҳнаварди итолёвӣ. Вай ҳашт қуллаи ҳашҳазорметриро фатҳ кардааст. Аз 18 талоши фатҳ дар 13 талош муваффақ будааст. Соли 1997 ҳамроҳи дӯсти қазоқистонии худ Букреев дарАннапурно зери тарма монд. Аммо бахт ба рӯяш хандид ва ҷон ба саломат бурд.
Накаяма, Масатоси — устоди шинохташудаи каратэи Ҷопон, ки барои поягузории Анҷумани каратэи ин кишвар талош кард. Физикдон, профессор, мураббӣ, муаллифи китобҳо дар бораи санъати каратэ. Бозигарони зиёди каратэ, аз ҷумла Канадзава, Нисияма, Эноэда, Миками, Касэ ва дигарон, ки шуҳрати ҷаҳонӣ доранд, шогирдони ӯянд. Соли 1971 дар Алпи Ҷопонӣ (номи умумии се қаторкӯҳ дардар ҷазираи Хонсю) зери тарма монд ва солим аз он бурун шуд. Соли 1987 аз олам даргузашт.
НУҚТАҲОЕ, КИ БЕШТАР АЗ ТАРМА ЗАРАР ДИДАНД:
Таърихи инсоният ҳодисаҳои зиёдеро медонад, ки бар асари лағзиши тарма рустоҳо зери ғарами барф монданд, хонаҳо хароб шуданд, одамон бехонаву дар, пулҳо ва роҳҳо валангор шуданд. Иддае аз онҳо:
- Тармаи Венген дар соли 1770, ки 8 нафарро кушт. Венген як минтақаи маскунӣ дар Лаутербруннени Шветсия аст, ки дар баландии 1274 метр, дар доманаи кӯҳҳои Эйгер, Мёнх ва Юнгфрау, чорсад метр баландтар аз Лаутербруннен ҷойгир аст.
- Тармаи Кировск дар таърихи 5 декабри соли 1935, ки 89 нафар ба ҳалокат расиданд. Ин шаҳр дар вилояти Мурмански Русия ҷойгир аст.
- Тармаи Флатейри – деҳа дар қисмати шимолу ғарбии Исландия моҳи октябри соли 1995, ки 20 қурбонӣ дошт.
- Тармаи Галтюр, ки як комуна дар Австрия мебошад, дар таърихи 23 феврали соли 1999, ки дар он 30 нафар ҳалок шуданд.
- Дарвази Афғонистон, моҳи марти соли 2012, ки ҳудудан 100 нафарро кушт.
- Тармаи Октябрский (вилояти Сахалини ФР) дар соли 1945, ки сабабгори ҳалокати 130 нафар шуд.
Таҳияи Б.Шафеъ