КҲФ: Роҳи Рӯшон – Бартанг муваққатан баста аст. Эҳтиёт кунед!

Барфу борони шадиде, ки пеш аз ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинонро огоҳ карда буд, сабабгори лағзиши тарма дар роҳи Рушон-Бартанг шуд ва ин ҳаракати нақлиётро ба мушкил рӯбарӯ сохт.

Чунончӣ, 6 январи соли 2022 дар километри 92 роҳи мошингарди Рушон-Бартанг, ки аз қаламрави деҳаи Савнов убур мекунад, барфи шадид ва баъдан гарм шудани ҳаво сабаби сарозер шудани тарма гардид. Ин ҳодиса роҳи нақлиётро баст. 

Барои бартараф намудани паёмадҳои ин офат кормандони Вазорати нақлиёт бо ҷалби техникаи барфрӯб дастбакор шуданд. Дар айни замон корҳои тозакунии роҳ идома доранд, роҳ муваққатан баста аст.

Ёдовар мешавем, ки тақрибан дар ҳамаи роҳҳои кӯҳии кишвар хатари лағзиши тарма боқӣ мондааст.

Дар ҳамин иртибот бори  дигар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ хоҳиш мекунад эҳтиёткор бошанд ва ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ қоидаҳои ҳаракатро риоя кунад, ҳаргиз суръатро боло набаранд ва фосилаи байни мошинҳоро низ риоя намоянд.

барчасп: