Алангаи оташ субҳи имрӯз шабакаҳои иҷтимоиро такон дод. Дар шаҳри Душанбе яке аз беҳтарин тарабхонаҳо оташ гирифт. Забонаи одаш ба ҳадде баланд буд, ки аз дуриҳои дур дида мешуд. Дуди ғализ фазои атрофро тира карда буд. Дар чанд дақиқа расму наворҳои зиёде дар шабакаҳо ба гардиш даромаданд. Ва дар ҳошияи ин оташсӯзии азим шарҳҳо низ фузун шуданд. Иллати аслии сӯхтор то ҳоло эълон нашудааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳолати бавуҷудомадаро меомӯзанд. Дар хомӯш кардани сӯхтор дастаи имдодгарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе низ саҳм доштанд.
7 – январи соли 2022, тахминан соати 11:00 дақиқа навбатдори Сарраёсати хадамоти давлати оташнишонӣ хабар дод, ки дар ноҳияи Фирдавсӣ, кўчаи Саъдии Шерозӣ 16, шафати КВД «КТН Нашриёти шарқи озод», дар тарабхонаи «Яккасарой» сўхтор ба амал омадааст.
Баъд аз дарёфти хабар соати 11:03 дақиқа фавран Роҳбарияти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳайати 5 нафар, Дастаи махсуси зудамали наҷот дар ҳайати 5 нафар имдодгарон бо автомашинаи садамавию наҷот ва афсари калони Бахши ноҳияи Фирдавсӣ ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки барои бартараф намудани ҳолати ба амаломада, 15- адад техникаи махсуси сўхторхомушкунии ҷузву томҳои хадамоти оташнишонии шаҳри Душанбе, 5 - адад техникаҳои обкашони Раёсати истифодабарии роҳҳои шаҳри Душанбе, 2- адад техникаи ёрии таъҷилӣ тиббӣ ва зиёда аз 40 нафар ҳайати шахсии ШВКД-и 1 ва 2-и ноҳияи Фирдавсӣ ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида тахминан соати 12:10 сўхтор ба пуррагӣ хомўш карда шуд.
Дар натиҷаи сӯхтори ба амаломада оташ ба толори мебели “Истиқбол”, ки дар ошёнаи якуми тарабхонаи мазкур ҷойгир буд, қисман зарар расонид.
Кормандони наҷоти Раёсати Душанбе ҳамроҳ бо ҷузву томҳои Сарраёсати хадамоти давлатии оташнинонӣ илова ба кумак дар хомӯш кардани сӯхтор боз барои аз оташ наҷот додани толори мебели “Истиқбол” ёрӣ расонданд.
Дар сўхтори ба амал омада талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст, сабаб ва масоҳати сўхтори ба амал омада аз ҷониби мақомотҳои дахлдор муайян карда мешавад.