Бар асари як садамаи маргбор дар даромадгоҳи ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд се нафар ба ҳалокат расиданд ва ду тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Мошинҳо ба ҳам бархӯрданд. Сабаби ин садама пурра таҳқиқ нашудааст, вале ба гумони ғолиб риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ буд, ки сабабгори ба ҳам задани ду мошин шудааст.
Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафъи садамаи маргборе, ки дар километри 254-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, дар даромадгоҳи ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд рух дод, иштирок намуданд.
Хабар дар бораи садамаи нақлиётӣ ба корманди шӯъбаи ҳолатҳои фавқулодда 6 январи соли 2022 соати 17:03 ба вақти маҳаллӣ расид. Шоҳидони ҳодиса бо арзи хабари садама кумак хостаанд.
Як мошини боркаши тамғаи «Мерседес-Атего», ки аз ҷониби як ҷавони 26-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ идора мешуд, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Истаравшан ба шаҳри Хуҷанд аз уҳдаи идораи мошин набаромад ва ба мошини сабукрави тамғаи «Опел-Зафира»-и мансуб ба як сокини 46-сола бархӯрдааст. Ҳангоми ҳодисаи нохӯш дар мошини «Mercedes Atego» ронанда ва мусофири 58-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ савор буданд ва дар мошини дигар ронанда ва се мусофири он, ки ҳамагӣ узви як хонадон буданд.
Дар ин ҳодисаи нақлиётӣ ронанда ва ҳамаи се мусофири мошини тамғаи «Opel Zafira» ба ҳалокат расиданд ва ронанда ва мусофири мошини «Mercedes Atego» маҷрӯҳ гаштанд.
Навбатдорони воҳиди наҷоти вокуниши сареъи КҲФ дар вилояти Суғд ва техникаи махсус ва воситаҳои техникӣ ба ҷойи ҳодиса шитофтанд. Онҳо баробари расидан ба мавзеъи ҳодиса бо ёрии таҷҳизоти гидравликӣ ва воситаҳои дигари техникӣ дари мошинро бурида, қисмати болоии мошинро боз карданд ва одамонро аз он берун оварданд.
Имдодгарони КҲФ ҳамчунин ҷасади ҳалокшудагонро низ аз мошини тобхӯрдаву садамаи сахтдида дерун оварданд.
Ронандаи мошини «Mercedes Atego» ва ҳамсафари ӯро ба беморхонаи ноҳияи Спитамен интиқол доданд.
Кормандони БДА-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабабҳои ин садамаи марговарро аниқ мекунанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ронандагон бо эҳтиром хоҳиш мекунад қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро ҷиддан риоя намоянд, махсусиятҳои роҳ дар фасли зимистонро, ки аз барфу борон ва сардӣ маъмулан ях мебанданд, ба назар гиранд.
Боло бурдани суръати ҳаракати мошинҳо яке аз сабабҳои аслии садамаҳои маргборанд.
Эҳтиёт кунед ва ҷони худу ҷони ҳамсафарони худро дар хатар наандозед.