ШАРҲИ ИСТИЛОҲ. Тайфун

Тайфун.  Дар луғатҳо ин истилоҳ тӯфон тарҷума шудаанд. Дар баъзе луғатҳои илмии форсӣ чарханд омадааст ва дар шаҳри он навиштаанд: сомонаи камфишоре, ки дар нимкураи шимолӣ дорои ҳаракати подсоъатгард ва дар нимкураи ҷанубӣ дорои ҳаракати соъатгард аст (Вожаҳои мусавваби Фарҳангистон).

Дар луғатҳои тоҷикӣ ҳар ҷо тӯфон омадааст. Дар асл ҳам навъе аз тӯфон аст ва мо ҳам дар матн аз ду истилоҳ: тайфун ва чарханд истифода кардем.

Чуноне гуфтем, ин ҳам навъи дигаре аз тӯфони тропикист, ки бештар дар қисмати шимолу ғарбии уқёнуси Ором дида мешавад. Дар қисмати марказии тайфунҳо бештарин коҳиши фишори ҳаво бар сатҳи дарё ё уқёнус мушоҳида мешавад ва ба 650 миллиметр сутуни симобӣ мерасад. Бештари ин чархандҳо дар минтақаи Осиёи Шимолӣ рух медиҳанд. Маъмулан чархандҳои (тайфунҳои) шадид бештар аз моҳи май то ноябр рух медиҳанд, вале дар умум тамоми сол онҳоро метавон мушоҳида кард.

ТАЙФУНҲОИ НИСБАТАН ВАЙРОНГАР ЗАРФИ 50 СОЛИ ОХИР

13 ноябри соли 1970 тайфуни  Бхола дар қисмати шарқии Покистон ва қисмати ғарбии Бангола аз 300 то 500 ҳазор нафарро ба ҳалокат расонд. То ба имрӯз маргбортарин тайфуни олам дониста мешавад. Ҳатто дар таърихи офатҳо низ онро яке аз балоҳои ҷонситони башарӣ медонанд. Чарханди Бхола шашумин тайфуни соли 1970 шимоли уқёнуси Ҳинд ва қавитарин онон буд. Ин чарханд 8 ноябри соли 1970 дар маркази халиҷи Бангол (халиҷе, ки бахши шимолу шарқии уқёнуси Ҳиндро ташкил медиҳад) шакл гирифт ва бо пешравӣ ба самти шимол пуршиддаттар шуд. Тӯфон бо расидан ба суръати 185 км дар як соат 11 ноябр ба авҷи шиддати худ расид ва як рӯз пас баъди зуҳр ба соҳили Покистони  Шарқӣ расид. Дар сар то  сари минтақа рустоҳоро вайрон кард ва маҳсулоти кишварзии деҳқононро зери об намуд. Шаҳристони Тазумуддин дар вилояти Бхола аз ин чарханд (тайфун) осеби бештар дид, ба ҳадде, ки тибқи омор 25 дарсади ҷамъияти он кушта шуданд. 

Тайфуни Филлис. Моҳи августи соли 1981шимоли Ҷопон ва ноҳияҳои ҷанубиву марказии Шарқи Дури қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ дучори ин фалокат шуд. Аммо ба омори қурбониён ва зарардидагони он дар Иттиҳоди Шӯравӣ мӯҳри махфӣ задаанд ва ҳеч маълум нашуд, ки шумори кушташудагон чанд аст.

Тайфуни Айк  1 сентябри соли 1984 дар Филиппин рӯ зад ва  1363 нафарро ба ҳалокат расонд.

Тайфуни Ҳоён дар Филиппин моҳи ноябри соли 2013 рух дод ва сабаби кушта шудани 5680 нафар шуд. Он ба Филиппин, Чин, Ветнам низ зарари бузург расонд.

Чархандҳои дигари маргбор Анҷела (20 октябр то 7 ноябри соли 1995, ки 936 нафарро ҳалок кард), Линда (дар Ветнам ва Таиланд), ки моҳи ноябри соли 1997 рух дод ва сабаби марги 3 500 нафар шуд, Викки, Зеб Бэбс  дар Филиппин, ки ба ҳалокати 1000 нафар сабаб шуд, Моракот (Филиппин, Тайван), ки аз 7 то 10 августи соли 2009 рух дод ва ба ҳалокати беш аз 700 оварда расонд низ аз пурмагртарин чархандҳои ахир буданд.