Инсонҳое ҳастанд, ки пеш аз парвоз ва ё вақти парвоз ҳатман ба воҳима дода мешавад. Инҳо бештар касоне мебошанд, ки дар бораи суқути ҳавопаймоҳо хеле зиёд мутолиа кардаву медонанд, ки дар ин ҳодисаҳо одамон ҷони худро аз даст медиҳанд. Ҳар мусофире, ки савори ҳавопаймо мешавад, бояд аввалтар аз ҳама худро ба даст гирад ва бар ин воҳимаву ҳамҳамаҳо дода нашавад.
Тарс худназроатиро аз миён мебарад ва агар тарс ҳокиме бошад, ки одамро идора мекунад, ӯро водор месозад, ки бо ҳар васила аз парвоз бо ҳавопаймо худдорӣ намояд. Вале агар боз ҳам зарур бошад, ки бо вуҷуди тарсу нигарониҳо ин одам бояд парвоз кунад, пас ҳолати асабоният ва шиддати асаб то фуруди ҳавогард ба замин ӯро тарк намекунад.
Ин гуна одамонро лозим меояд ҳатман ба равоншинос муроҷиат кунанд ва роҳи раҳоӣ аз мушкили равониро пайдо кунанд. Дар ҳоле ки ҳоло чӣ дар пойтахти кишвар ва чӣ марказҳои вилоятҳову дигар шаҳрҳои калон бунгоҳҳои равоншиносӣ вуҷуд доранд, танҳо бояд мутахассиси хуберо пайдо карду бо вай машварат намуд ва тибқи дастурҳои ӯ амал кард.
Аммо шумо ҳатто худ ҳам бо тарси беасосатон метавонед мубориза баред, ба он шарт, ки ин тарс ба ҳадди воҳима нарасида бошад. Дар зер бо усулҳое ошно мешавем, ки набояд аз онҳо истифода кард.
Тарс аз парвоз: Онро чӣ гуна метавон бартараф кард?
Пажӯҳишгароне, ки мавзӯъро бо ҳама паҳлуҳояш омӯхтаанд, ба ин натиҷа расидаанд, ки бо вуҷуди мушкилот роҳҳое вуҷуд доранд, ки одамон метавонанд ба парвози худ дилпурона идома диҳанд. Онҳо мегӯянд, одамоне ҳастанд, ки тарси худро мехоҳанд бо василаи истеъмоли машрубот фурӯ нишонанд. Ин роҳи дурусте нест, зеро истеъмоли машрубот боз паёмадҳои хатарноки дигар дорад.
Ҳамчунин набояд амиқу дақиқ ба омӯзиши маълумотҳо дар бораи ҳавопаймо вақт сарф кунед, аз интернет набояд мақолаҳову таҳлилҳо дар бораи мудҳиштарин суқути навъи ҳавопаймое, ки ҳоло шумо дар он нишастаед, ҷӯеду хонед, ҳатто агар хеле ҳам дилатон мехоҳад донед.
Билохира вақте шумо ба зинаҳои ҳавопаймо боло мешавед, ҳамеша ин нуктаро донед ва ба худ итминону боварӣ диҳед, ки ҳавопаймо бехатартарин навъи нақлиёти олам аст. Барои ин танҳо донистани баъзе факту рақамҳо дар бораи парвози ҳавогардҳо, муқоисаи парвозҳои ҳамарӯзӣ бо шумори фалокатҳо ва марги одамон кофист, ки бори дигар ба бехатар будани ҳавопаймо бовар ҳосил намоед.
ИНАК: Ҳар сол беш аз 5 миллиард нафар аз хидмати ширкатҳои ҳавопаймоӣ истифода мебаранд ва аз ин миқдор танҳо 400-500 нафар ҳалок мешаванд. Яъне, аз 10 миллион мусофир танҳо як нафар дар садамаҳои ҳавопаймоӣ ҷон аз даст медиҳад. Масалан дар шаҳри Москав ба ҳисоби миёна соле 1 нафар дар садамаи ҳавопаймо мемирад. Аммо дар фалокатҳои мошин дар пойтахти Русия ҳар сол 30 ҳазор нафар ҳалок мешаванд. Шумо танҳо дар ҳамон ҳолат метавонед яке аз ширкаткунандагони суқути ҳавопаймо бошед, ки агар муддати 21 ҳазор сол ҳар рӯз дар як парвози тасодуфӣ сафар кунед. ШУМО ОЁ ИН МИҚДОР ВАҚТ ДОРЕД? 21 ҲАЗОР СОЛ УМР МЕБИНЕД?
Аммо боиси таассуф аст, ки аксари мусофирон ба ин фактҳо ба нобоварӣ менигаранд ва мегӯянд: “Ин ҳама маро ором накард, қаноат наёфтам. Маҳз ҳамон тайёрае ба замин мезанад, ки ман дар он нишастаам, зеро ман яке аз бетолеътарин одамони сайёраам”.
Дар ҷараёни омӯзиши воҳимаҳои ҳавопаймоӣ донишмандон ва пажӯҳишгарон ба ин хулоса омадаанд, ки 65% одамоне, ки гирифтори ин беморианд, ҳангоми убури ҳавопаймо аз минтақаи турбулетнокӣ тасаввур мекунанд, ки ҳоло ҳавопаймо аз баландии 10 ҳазор километр ба шиддат поин мешавад ва ба замин мезанад. Аз сӯи дигар як таҳқиқот нишон додааст, ки аксари пурсидашудагон дар Русия ба ин назаранд, ки ҳавопаймоҳо куҳнаанд ва халабонҳо майзада. Дар ҳоле ки чунин нест. Азбаски бештари парвозҳо аз Тоҷикистон ба самти Русия аст, пас мо ҳам истинодан ба маълумоти ҳолати техникии паркҳои ҳавопаймоии ширкатҳои русӣ итминон медиҳем, ки мусофирон ва кулли касоне, ки нияти сафар ба Русия доранд, бовар кунанд, ки овозаҳо ҳақиқат надоранд.
Таваҷҷуҳатонро ба чизи дигар равона созед !
Агар шуморо боз ҳам ин ҳама далелҳо қонеъ намекунанд, пас лутфан таваҷҷуҳи худро ба чизи дигар равона созед. Метавонед дар тӯли парвоз мусиқии хуб гӯш кунед, рӯзномаву маҷалла ва ё китоб хонед ё саргарми кори дигаре шавед.
Таҷрибаҳои равоншиносӣ нишон додаанд, ки дар ҳама гуна ҳолатҳои равонӣ бисёре аз одамонро ғизои болаззат ва шарбатҳо ором мекунанд. Пас шумо ҳам аз ин истифода кунед, пеш аз парвоз бо худ ҳамин гуна василаҳои таскиндиҳанда бигиред. Аммо дониста бошед: нӯшокиҳое, ки дар таркибашон кофеин доранд, набояд истеъмол кунед, чун онҳо метавонад асабҳои бе ин ҳам бедори шуморо бедортар кунанд ва андешаҳои манфиро зиёдтар вориди тафаккури шумо намоянд. Аз ин рӯ, тавсия дода мешавад, ки беҳтараш ягон ҳабби таскиндиҳандаи омодашуда аз рустаниҳоро истеъмол кунед ва каме оби тоза бинӯшед.
Ва агар ин ҳама бароятон таъсире надошт, пас ба роҳаткурсӣ такя занед, чашмонатонро бипӯшед ва дар бораи он фикр кунед, ки ин парвоз ва ин сафари шумо бароятон чӣ хубиҳоеро тақдим мекунад. Шумо ба кадом кишвар сафар доред ва чиҳоро хоҳед диду бо киҳо ҳамсуҳбат хоҳед шуд. Ва ин ҳам беҳтарин васила дур шудан аз андешаҳои мағшуш аст.