Ҳамасола пеш аз мавсими бориши боронҳои шадиди баҳорӣ минтақаҳои осебпазир дар қаламрави ноҳияҳои шаҳри Душанбе санҷида мешаванд ва барои рафъи камбудиҳо тадбирҳо андешида мешаванд. Дар моҳи январи солӣ ҷори якҷо бо намояндагони шуъба ва бахшҳои ноҳиявӣ ва Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумита, (тибки баҳои визуалӣ) минтақаҳои зерин тафтиш шудаву ҳолаташон санҷида шуд:
- ноҳияи Исмоили Сомонӣ - ҳудуди маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло, Хуҷамбиёи поён ва маҳаллаи Нодира кўчаҳои А.Мухторов, маҳаллаи Навобод, селпартобҳои Дуғоба ва тагшингоҳҳои Қиблаӣ ва Қамчин;
- ноҳияи Шоҳмансур - ҳудуди маҳаллаҳои Бӯстон-1,Бӯстон-2 ва Бадахшон, Тагшингоҳҳои Лоёб ва Охтоқ, селпартоҳои Қаротегин, Шурак ва истгоҳои насосии “Кофарниҳон”;
- ноҳияи Сино - ҳудуди маҳаллаҳои Лучоби боло ва Лучоби поён, маҳаллаи Пахтакор, маҳаллаи Чортути боло, Чортути поён, Маҳмадшоҳи боло ва канали “Янгичоряккорон”;
- ноҳияи Фирдавсӣ - ҳудуди маҳаллаҳои Сарикишти, Чимтеппа ва шаҳраки 63-юм.
Ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳолатҳои фавкулодда (вобаста ба омадани сел,обрезӣ,раванди ярч) маълумотҳои ҷамъовардашуда барои дастурдиҳӣ ба унвонии Раиси комиссияи ҳолатҳои фавкулоддаи Макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва барои чораандешӣ ба унвонии Раисони комиссияи ҳолатҳои фавкулоддаи Мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе пешниҳод карда шудааст.