Хабаргузории давлатии Бохтари Афғонистон аз ҳалокати 22 ва захмӣ шудани 4 нафар дар заминларзаи ахир дар Бодғис хабар дод. Ин хабаргузори рӯзи душанбе гузориш дод, ки шумори қурбониёни зилзила, ки қаблан 12 нафар гуфта мешуд, ҳоло ба 22 нафар расидааст.
Бино ба хабари бахши форсии ВВС давлати Толибон ва созмонҳои имдодрасони байналмилаливу дохилӣ дар бораи ёрӣ ба аҳолии зарардида ҳеч хабаре надодаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ин вилоят дар Афғонистон ба камбуди имконоти беҳдоштӣ рӯбарӯст.
Бахши зилзилаи маркази заминшиносии Амрико гуфтааст, ки ин заминларза соати 4:10 дақиқаи баъд аз зуҳри вақти маҳаллӣ ва дар ҳудуди чилуяккилометрии шарқи Қалъаи Нав - маркази вилояти Бодғис дар ғарби Афғонистон рух додааст.
Ин ниҳод бузургии ин заминларзаро 5,3 ва дар умқи ҳудуди 18 километрии замин гузориш кардааст.
Бино ба гузоришҳо шиддати ин зилзила ба ҳадде будааст, ки дар шаҳри Машҳад воқеъ дар шарқи Эрон низ эҳсос кардаанд.
Бодғис дар ғарби Афғонистон ҷойгир буда,бо Туркманистон ва бо вилояти Ҳирот ҳаммарз мебошад.