Дар ИМА мардеро дар иҳотаи 124 мори гуногун мурда ёфтанд, аммо мегӯянд ӯро мор нагазида буд

Ҷасади марди 49-сола, сокини иёлоти Мэрилендро ҳамсояҳо дар хонааш пайдо карданд ва баъдан ба пулис хабар додаанд. Дар утоқе, ки марди мурда пайдо шуд, ҳамроҳ бо вай бештар аз сад мори гуногун, аз ҷумла морҳои заҳрдор низ дида шуд. Аммо ҳамаи онҳо дар дохили террариумҳо (бино барои ҳифзи хазандаҳо) буданд, аз ин рӯ сабаби марги ин мард ҳоло дақиқан маълум нест.

Вақте кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷойи ҳодиса расиданд, 124 морро ҳисоб карданд. Морҳо гуногун буданд, аз ҷумла питонҳо ва шақшақамор ва кӯбро ё мори айнакдор, ки аз ҷумлаи морҳои газандаву заҳрдор ба шумор меравад. 

Калонтарин мори ин хона питони бирмаӣ буд, ки чор метр дарозӣ дошт. 

Мутахассисон марги ин мардро тайид карданд, вале сабаби марг маълум нест. Пулис гуфтааст, ки то кунун ҳеч далеле надорад, ки ин мардро касе кушта бошад, чун нишони марги зӯроварона низ дар баданаш дида нашудааст. Вале танҳо колбадшикофӣ метавонад иллати маргро муайян кунад. 

Сарнавишти ояндаи морҳои хонаи ин мардро танҳо маркази назорати зоологӣ бо ёрии коршиносон аз иёлотҳои наздиктарини Вирҷиния ва Каролинаи Шимолӣ метавонад муайян кунанд. Қонунҳои дохилии иёлоти Мэриленд нигаҳдории морҳои заҳрдорро дар хона манъ мекунад. 

Аммо намояндаи назорати зоологӣ ба хабарнигори ВВС гуфтааст, ки морҳоро алакай ба иёлотҳои дигар фиристоданд. “Ҳамаи онҳо ба ташкилотҳои дахлдор берун аз иёлот супурда шуданд”.

Эҳтимолан онҳо ба касоне дода хоҳанд шуд, ки барои морпарварӣ ва нигаҳдорӣ иҷозатнома доранд.

барчасп: