Ҳаводиси олам

Дар асорати барф: Ҳикоят аз 12 филм дар бораи зиндагӣ дар домани барфҳо

Синамо дар ҳар давру замон инъикосгари воқеъияти зиндагист, гарчи ин воқеъият дар либоси бадеият ва ба кор гирифтан аз санъати хос ба ҷомеа расонида мешавад. Кулли филмҳо аз ҳаводиси рухдода сохта мешаванд, воқеъияти зиндагӣ ба ҳадде бой аст, ки барои ҳазорон филми ҳунариву мустанад мавод медиҳад. Муруре ба филмҳои беҳтарин дар мавзӯъи барфу фоҷеаҳои инсонии аз ин падидаи табиат рухдода...

Эъломияи Амрико ва Чин дар Глазго: Барои коҳиши суръати гармо дар Замин ҳамкорӣ мекунем

Ду қудрати ҷаҳонӣ - Амрико ва Чин, ки аз бузургтарин тавлидкунандагони газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон мебошанд, бо пахши як баёнияи муштарак эълон карнд, ки барои коҳиҳи гармо дар рӯи Замин ва пешгирӣ аз фоҷеаҳои башарӣ бо ҳам ҳамкорӣ хоҳанд кард. Амрико ва Чин дар ин баёния ҳамчунин аз барномаи ҳамкориҳои муштараки худ дар ин замина иттилоъ додаанд.

Хуруҷи пурхатари вируси Зико дар Ҳинд. Мақомот мегӯянд он батариҷ фарогир мешавад

Ҳудудан 90 нафар сокинони шаҳри Канпури иёлоти Уттар-Прадеши Ҳиндустон ба вируси Зико сироят шудаанд ва мақомот гуфтаанд, ки 17 нафари онҳо кӯдаконанд. Духтури беҳдоштии Канпур Непал Сингх ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки хуруҷи ин вирус дар минтақа ба мушоҳида мерасад. Вай ба оморҳои охир рӯ овардаву изҳор доштааст, ки бори аввал ин вирус соли 2017 дар Гуҷарот аз худ дарак дода буд.

Дастоварди ҳамоиши Глазго: 190 кишвари олам тавофуқ карданд, ки аз истифодаи ангишт даст мекашанд

Аксари кишварҳое, ки зуғолсангро дар саноати худ истифода мебаранд, ваъда доданд, ки истифодаи онро маҳдуд мекунанд ва дар фарҷом аз он комилан даст мекашанд. Дар миёни ин кишварҳо Лаҳистон, Ветнам ва Чили низ мебошанд, ки дар олам аз ҷумлаи истифодабарандагони ангишт ба миқдори басо зиёд мебошанд. Дар ҳамоиши иқлимии Глазго ангиштсанг як омили аслии ифлоскунандаи ҳаво дониста шуд ва 190...

Ҳамоиши иқлимии Глазго. Коршиносон ҳадс мезананд, ки он бенатиҷа хоҳад буд

Имрӯз дар шаҳри Глазгои Шотландия ҳамоиши иқлимии COP26 бо ширкати намояндагони аксари кишварҳои олам оғоз ба кор хоҳад кард. Ҳадафи аслии ин ҳамоиш, ки қарор аст бештар аз ду ҳафта идома кунад, ҷамъбасти аввалин дастовардҳои Муоҳадаи Порис дар мавриди тағйири иқлим аст, ки соли 2015 имзо шуда буд. Тоҷикистон низ ширкаткунандаи ин муоҳада мебошад. Гуфтанист, ки ин ҷаласаи ҳамасолаест, ки таҳти...

Страницы