Дар суқути чархболи Ми-17В5 дар иёлоти Тамилнати Ҳинд Фармондеҳи кулли артиши ин кишвар, генерал Ровот Бпин, ҳамсари ӯ ва 11 нафари дигар ба ҳалокат расиданд. Аз чеҳраҳои саршиноси ин чархбол танҳо як нафар бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шудааст.
Генерал Ровот Бпин 63 сол дошта аввалин фармондеҳи кулли артиш дар таърихи Ҳинд аст, ки соли 2019 ба ин мақом расидааст.
Норандра Модӣ - Садриаъзами Ҳинд аз марги ин “меҳанпарасти воқеъӣ” изҳори “таассуфи амиқ” кардааст ва вазири мудофиаи ин кишвар ҳам барои адои эҳтиром ба хонаи генерал Ровот рафтааст.
Ин генерал аз шаҳри Сулур, ки каме дуртар аз он пойгоҳи ҳавопаймоҳои низомӣ воқеъ будааст, бармегаштааст. Вай ба омӯзишгоҳи авиатсионӣ мерафт, то миёни донишомӯзони он суханронӣ кунад.
Чархбол 10 километр дуртар аз роҳи бузург сарнагун шудааст, хабар медиҳанд Франс-пресс. Ба наҷотдиҳандагон лозим омад ба ҷойи ҳодиса пои пиёда раванд, чун роҳ барои мошин набуд.
Яке аз шоҳидоне, ки суқути ин чархболро ба чашм дидааст, нақл кардааст, ки фоҷеа замоне рух дод, ки болгард мехост ба оҳистагӣ поён шавад, то ба макони нишаст фуруд ояд. Баъзе сарнишинони он қабл аз он ки сарнагун шавад ва ба замин занад, саросемавор худро ба берун меандохтанд.
Генерал Ровот аввал зинда буд ва вақте ба бемористон оварданд, ҷон бохт. Як нафаре, ки зинда монд, капитани омӯзишгоҳи ҳарбӣ буд, ки генералро ҳамроҳӣ мекард. Аз вазъи саломатии ӯ дар бемористон гузориш дода нашудааст.