Ҳушдор ва тавсияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: То 16 декабр ҳаво сард мешавад
Чоп шуд: 13/12/2021 | redaktorКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар то 16-уми декабри соли 2021 ҳаво сард мешавад, борон дар водиҳо ба барфи тар табдил мегардад. Дар минтақаҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ барфи шадид меборад. Ба истиснои ВМКБ дар аксар қаламрави кишвар туман дар назар дошта шудааст.