Activities calendar

16 декабря 2021

Баргузории рӯнамоии системаи нави огоҳии бармаҳал ва мониторинги кӯли Сарез (ВИДЕО)

16 декабри соли 2021 дар қаламрави Раёсати кӯли Сарези Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамои системаи нави огоҳии бар маҳал ва мониторинги кӯли Сарез баргузор шуд. Ин таҷҳизот тобистони соли ҷорӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳои табиии КҲФ ва Бонки осиёии рушд харидорӣ ва насб карда шуда буд.

Covid-19: "Омикрон" Аврупоро моҳи январ фаро мегирад. Олимон мегӯянд аломатҳои Омикрон дигаранд

Тибқи охирин хабарҳо таҳлилгарон бонги изтироб мезананд, ки моҳи январи соли оянда гунаи нави коронавирус Омикрон Аврупоро фаро мегирад. Ҳамзамон бо ин ширкати дорусозии Pfizer аз асарбахшии доруи нав зидди коронавирус хабар дод. Аз Аврупо боз гузориш расидааст, ки кишварҳо башиддат пайи эмкунии кӯдакон зидди коронавирус мебошанд.

ДАҲШАТ ДАР ЗЕРИ ОБ. МЕДУЗАҲО. Заҳри як намуди он метавонад 60 нафарро кушад

Медузаҳо (юнонии μέδουσα) дар забони илмии тоҷикӣ бо ҳамин ном ёд мешаванд, вале дар забон форсӣ онро “арӯси дарёӣ” тарҷума кардаанд. Аз ҷумлаи бемуҳраҳо буда, дар шохаи марҷониён табақабандӣ мешавад. Ин мавҷудот қодир аст дар баҳру уқёнусҳо шино кунад. Аз қадимитарин мавҷудоти обӣ аст, ки ба гуфтаи олимон аз 650 миллион сол пеш ба инҷониб вуҷуд доранд.

КҲФ: Аз туман эҳтиёт кунед!

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон рӯзҳои 17-18 декабри соли равон дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо туман дар назар дошта шудааст. Дар ҳамин иртибо КҲФ ба хотири рух надодани ҳодисаҳои нохӯш тавсия медиҳад:
Дар туман маъмулан ҳавои торик боиси коҳиши биниш мешавад, ҳаракати нақлиётро мушкил мекунад, эҳтимоли рух додани ҳодисаҳои нақлиётиро зиёд мекунад, садамаҳо эҳтимолан бештар рух медиҳанд.