Бино ба маълумоти обуҳавошиносон рӯзҳои 17-18 декабри соли равон дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо туман дар назар дошта шудааст. Дар ҳамин иртибо КҲФ ба хотири рух надодани ҳодисаҳои нохӯш тавсия медиҳад:
Дар туман маъмулан ҳавои торик боиси коҳиши биниш мешавад, ҳаракати нақлиётро мушкил мекунад, эҳтимоли рух додани ҳодисаҳои нақлиётиро зиёд мекунад, садамаҳо эҳтимолан бештар рух медиҳанд. Барои бехатарӣ дар туман бояд:
- шахсони гирифтори бемориҳои дилу раг аз рафтан ба кӯчаву хиёбон худдорӣ кунанд;
- пиёдагардон бояд ҳангоми гузаштан аз чорроҳаҳо ва роҳҳо эҳтиёт кунанд;
- ронандагони воситаҳои нақлиётӣ ҷиддан қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро дар чунин вазъи обу ҳаво риоя намоянд, суръати ҳаракатро боло набаранд;
- мошингузарӣ, пойга омили хатар дар чунин ҳолатҳост;
- ҳангоми убур аз ҷорроҳаҳо, роҳҳои пиёдагузар оҳиста мошин ронед, хеле бадиққат бошед.
КҲФ ҳушдор медиҳад: набояд фаромӯш кард, ки туман барои ҳар нафар: ҳам ронанда ва ҳам пиёдагард метавонад хатар дошта бошад.
Бадиққат бошед ва эҳтиёт кунед!
Телефони ягонаи наҷот 112, қисми навбатдории КҲФ: 93 880 28 19, 223 13 11.
Дар ҳоли рух додани ягон ҳодисаи нохӯш ё мушкили дигар дар роҳҳо метавонед занг занед ва ба ёрӣ даъват намоед!