Activities calendar

09 декабря 2021

Маросими савгандёдкунии наваскарони КҲФ дар боғи Ғалаба (ВИДЕО)

9 декабри соли 2021 дар боғи Ғалабаи ноҳияи Рӯдакӣ аввалин наваскарони даъвати тирамоҳии  КҲФ қасами ҳарбӣ ёд карданд. Дар ин рӯз 120 нафар наваскарон аз се қисми низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури хешу табор, фармондеҳону ҳамкорон ва собиқадорон ба Ватан савганд ёд карданд.

Баргузории ҷаласаи ҷамъбастии Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳо дар соли 2021

9 декабри соли 2021 дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ҷаласаи ҷамъбастии Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар соли 2021 баргузор гардид.

Ҳалокати фармондеҳи кулли артиши Ҳинд дар суқути як чархбол

Дар суқути чархболи Ми-17В5 дар иёлоти Тамилнати Ҳинд Фармондеҳи кулли артиши ин кишвар, генерал Ровот Бпин, ҳамсари ӯ ва 11 нафари дигар ба ҳалокат расиданд.  Аз чеҳраҳои саршиноси ин чархбол танҳо як нафар бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шудааст.

Генерал Ровот Бпин  63 сол дошта аввалин фармондеҳи...